Гундсолор

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Гундсолор (форсӣ: گندسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳанг ва пойинтар аз лашкарсолор дорад ва баробар бо дарёдор дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-майор[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарҳанг

Гундсолор
Дараҷаи болотар:
Лашкарсолор
Quick facts Гундсолор, Кӯтаҳнивишт ...

Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3][4].

Remove ads

Вожашиносӣ

«Гундсолор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст:

гунд (порсии миёна: gund < паҳлавӣ: gundлашкар; гурӯҳ, даста[5] < эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda-сипоҳ; гунд[6]) + солор (порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- < эронии бостон: *sara-dāra-)[6].

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[7][8].

Истилоҳи «гунд» дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[6]:

Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[9].

Ин истилоҳ аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i») низ вом гирифта шудааст[10]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар сипоҳи Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[11]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنج‌هزاری) низ мегуфтанд[8].

Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ» [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[12].

Remove ads

Пешина

Гундсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи бевара (порсии бостон: *baivara-) будааст[13]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[14], гунд (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[15].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[16]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[17].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. عسکر [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18].

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade < итолиёвӣ: brigataдаста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: General­major) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[19].

Remove ads

Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ

More information Нишона, Артиши Сурх ...

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads