Ангара

From Wikipedia, the free encyclopedia

Ангараmap
Remove ads

Ангара́ (бур. Ангар мүрэн[3], Шаблон:Lang-evn) — дарё дар вилояти Иркутски кишвари Красноярски Федератсияи Русия, шохоби рости дарёи Енисей.

Quick facts Ангара, Мушаххасот ...
Remove ads

Мушаххасот

Яке аз дарозтарин дарёҳои Сибири Шарқӣ, дарозиаш 1779 км, бараш аз 0,8 – 1,5 км то 3 – 5 км. Масоҳати ҳавзааш 1039 ҳазор км2, аз он ҷумла масоҳ. ҳавзаи худи Ангара (бе ҳавзаи кӯли Байкал) 468 ҳазор км2; дар роҳаш ба он 38195 дарё ва шохобчаҳо ҳамроҳ мешаванд. Нимаи аввали садаи XVII кашшофони нахустини рус онро Тунгускаи Болоӣ номида буданд. Номи Ангараро дар садаи XX гирифт (аз забони бурятҳо). Аз кӯли Байкал оғоз гардида, ба Шим. ва баъд ба Ғ. ҷорӣ мешавад.

Remove ads

Захираи гидроэнергетикӣ

Захираи гидроэнергетикиаш хеле зиёд – бештар аз 86 млрд кВт-соат. Болооби Ангара дар натиҷаи сохтани НБО-ҳои Иркутск, Братск, Уст-Илим ва Богучанск асосан ба зинаи обанборҳо (Иркутск, масоҳ. 154 км2 ва Братск, масоҳ. 547 км2) табдил ёфтааст. Аз охири октябр то аввали май ях мебандад. Манбаи асосиаш (ғайр аз кӯли Байкал) барфу борон. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна дар наздикии НБО-и Иркутск 1700 м3/с, дар наздикии НБО-и Братск 2900 м3/с, дар наздикии резишгоҳаш 4500 м3/с. Шохобҳои асосиаш: Иркут, Китой, Белая, Ока, Ия, Тасеев – аз чап, Илим, Чадобетс, Иркинеев – аз рост. Аз Иркутск то Байкал ва НБО-и Братск мунтазам киштӣ мегардад. Ангара аз моҳӣ (озодмоҳӣ, тосмоҳӣ, сафедмоҳӣ, равғанмоҳӣ ва ғайра) бой аст.

Remove ads

Шаҳрҳои соҳилӣ

Дар соҳилҳои Ангара шаҳрҳои Иркутск, Ангарск, Усолйе-Сибирское, Свирск, Братск, Уст-Илимск ҷойгиранд.

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads