Русия

кишваре дар Осиё ва Аврупо From Wikipedia, the free encyclopedia

Русия
Remove ads

Русия (русӣ: Россия) расмӣ Федератсияи Русия (русӣ: Российская Федерация) — давлатест, ки дар қисми Аврупои Шарқӣ ва қисми шимолии Осиё қарор гирифтааст ва рӯзи 7 ноябри соли 1917 ҳамчун рӯзи таъсисёбии давлат ба шумор меравад. Солҳои 19221991 кишвар РСФСР ном дошт, ва яке аз 15 ҷумҳуриҳои ИҶШС ба шумор мерафт. Cоли 1991, Федератсияи Русия ном гирифт. Аз 2 апрели 1997, Русия — аъзои иттиҳоди Русия ва Белорус гашт. Аз ҳама давлати бузургтарини дунё аз ҷиҳати масоҳат (17 075 400 км² ё 11,46 % (1/9) майдони тамоми хушкии Замин. Пойтахти Русия — шаҳри Маскав.

Quick Facts

      Аз моҳи майи соли 2012 мансаби Президенти Федератсияи Русияро Владимир Владимирович Путин ишғол мекунад.

      Русия бо 18 давлат ҳаммарз аст, ба воситаи хушкӣ: Норвегия, Финляндия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Белоруссия, Украина, Абхазия, Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, ба воситаи баҳр: Жопун ва ИМА, ки ин гуна ҳолати мавқеъ, ба ӯ имконият медиҳад, ки нақши муҳимро ҳам дар Аврупо, ҳам дар Осиё бозад.

      Ба ҳайати Федератсияи Русия — 89 воҳиди маъмурӣ (субъект), аз ҷумла 48 — вилоят, 24 — ҷумҳурӣ, 9 — кишвар (край), 3 — шаҳри федеролӣ, 4 — ҳавзаи мухтор (автономный округ) ва 1 — вилояти мухтор (Еврейская автономная область) дохил мешаванд.

      Русия — давлати гуногунмиллат ва аз ҷиҳати этникӣ гуногунфарҳанг мебошад. Аксарияти аҳолӣ (тахминан 75 %) ба мазҳаби православии дини масеҳӣ эътиқод дорад, ки аз рӯи шумораи аҳолии масеҳиёни мазҳаби православӣ аз байни давлатҳо дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Мусулмонон аз рӯи шумораи диндорони Русия, дар ҷойи дуюм қарор доранд.

      Аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Русия (ҲМД-ВВП) дар соли 2014 — 3,745 трлн долларро (25 636 доллар ба ҳар як сари аҳолӣ) ташкил медод.

      Remove ads

      Таърих

      Сиёсат ва ҳукумат

      Ҷуғрофия

      Бахшбандии кишварӣ

      Тақсимоти маъмурӣ

      Иқтисоди Русия

      Аҳолӣ

      Ҳайати миллӣ

      Фарҳанг

      Телевизион

      Маориф

      Дин

      Варзиш

      Сарчашма

      Пайвандҳо

      Эзоҳ

      Loading related searches...

      Wikiwand - on

      Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

      Remove ads