Андрей Абдувалиев

From Wikipedia, the free encyclopedia

Андрей Абдувалиев
Remove ads

Андрей Абдувалиев (Абдувалиев Андрей Ҳакимович; 30 июни 1966, Ленинград) — варзишгар, гурзпартои Тоҷикистон ва Ӯзбекистони Шӯравӣ, устоди хизматнишондодаи варзиш. Чемпиони Бозиҳои олимпии тобистона 1992 дар гурзпартоӣ. Чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук (1993, 1995). Рекорди инфиродӣ — 83,46 м (1990). Чемпиони ИҶШС (1991)[2]. Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС (1992).

Quick Facts Варзиши сабук Андрей Абдувалиев, Иттилооти умумӣ ...
Remove ads

Зиндагинома

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1987).

Аз соли 1993 дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Пас аз анҷоми касби варзишӣ аз соли 2000 ӯ ҳамчун котиби генералии Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллӣ кор карда истодааст.

Дастовардҳо

Чемпиони Бозиҳои Олимпӣ (Барселона, 1992), чемпиони дукаратаи ҷаҳон (Штуттгарт, 1993; Гётеборг, 1995), дорандаи Ҷоми ҷаҳон (Лондон, 1994), соҳиби медали нуқраи Бозиҳои иродаи нек (ИМА, 1990), чемпиони Спартакиадаи халқҳои ИҶШС (1991), чемпиони СССР (1991). Натиҷаи беҳтаринаш дар гурзпартоӣ 83 м 46 см (Сочи, 1990).

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads