Ӯзбекистон

кишвар дар Осиёи Марказӣ From Wikipedia, the free encyclopedia

Ӯзбекистонmap
Remove ads

Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ӯзбекӣ: O'zbekiston Respublikasi / Ўзбекистон Республикаси) — кишваре дар Осиёи Миёна аст. Дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимолу шарқ, шимол ва шимолу ғарб бо Қазоқистон, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷанубу шарқ бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Пойтахт ва калонтарин шаҳри ин кишвар — Тошканд (аҳолиаш 3 миллион 100 ҳазор нафар)[7]. Забони давлатӣ ва расмии кишвар — ӯзбекӣ. Забони русӣ дар кишвар ҳамчунин истифода мешавад. Масоҳаташ 448,978 км2. Асъор сум аст. Дигар калонтарин шаҳрҳо: Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Бухоро, Нуқус, Фарғона, Қаршӣ. Ба Ҳайати Ӯзбекистон 12 вилоят, шаҳри Тошканд ва як ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дохил мешаванд. Ӯзбекистон узви ИДМ, СММ, САҲА, СҲШ мебошад. Дини асосӣ Ислом аст ва аксари узбекҳо мусулмон мебошанд.

Quick facts Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Таъсис ...

Узбекистон давлати дунявӣ бо шакли конститутсионии нимпрезидентӣ. Дар Ӯзбекистон аз 37,5 миллион зиёдтар мардум зиндагонӣ мекунад (2024)[8].

Remove ads

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ӯзбекистон

Дар садаи даҳуми милодӣ, сарзамини кунунии Ӯзбекистон, ҷузъе аз қаламрави Сомониён буд. Пас аз Сомониён, Ӯзбекистон ба тартиб, таҳти ҳукумати Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Қарохониён, Темуриён ва хонҳои ӯзбек буда аст. Дар садаи 19 милоди ғарб ва шимоли Ӯзбекистон зери итоати хонигарии Хева ва ҷануби Ӯзбекистон зери салтанати аморати Бухоро буд. Хонигарии Хева дар соли 1877 зери султаи Русия даромад.

Даврони Истиқлол

Thumb
Президенти аввалини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов
Thumb
Раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматулло Йӯлдошев

.

Thumb
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

2 сентябри соли 2016 президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар Тошканд аз олам даргузашт. Ҷанозаи президент дар зодгоҳаш, шаҳри Самарқанд гузашт, ва президенти якӯми Ӯзбакистон масҷиди Ҳазрати Хизр дар оромгоҳи марказии шаҳри кӯҳнаи Самарқанд дафн карда шуд. Дар ҷанозаи Ислом Каримов президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, сарвазирон (ҳамчунин сарвазири Русия), ноибони-сарвазирон, вазирон ва дигар меҳмонҳои олӣ аз кишварҳои гуногун иштирок кардаанд. Баъди марги Ислом Каримов вазифаи президентӣ ба раиси Сенатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбакистон Ниғматулло Йӯлдошев гузашт. 8 сентябри соли 2016 дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Йӯлдошев худрадкунӣ аз ин вазифа кард. Дар он маҷлис, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба вазифаи президенти муваққати Ҷумҳурии Ӯзбакистон таъйин шуд.

Дар ин интихобот овози аксари овоздиҳонро (88,61 %) Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбакистон гирифт ва президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҷои дуюмро Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон гирифт (3,73 %). ҷои сеюмро Наримон Умаров (3,46 %) аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва ҷои чорӯмро (2,35 %) Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии «Наҳзати Миллӣ» гирифт. Интихоботи президентии оянда дар ин кишвар дар соли 2021 мегузарад.

Remove ads

Сохтори сиёсӣ

Мақолаи асосӣ: Сенати Ӯзбекистон

Тибқи конститутсия, Ӯзбекистон давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мебошад. Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Мақоми олии намояндагии давлатӣ Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки ҳокимияти қонунбарорро амалӣ менамояд. Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ду палата - Палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнӣ) ва Сенат (палатаи боло) иборат аст (Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, боби 18, моддаи 76). Мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои фаъолияти пурсамари иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва маънавӣ, татбиқи қонунҳо, қарорҳои дигари Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қарорҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳнамоӣ мекунад, Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ мегардонад.


Remove ads

Спорт

Ӯзбекистон — яке аз мамлакатдои спортй дар Осиё. Варзиши рақами 1 дар кишвар футбол аст. Аз соли 1994 инҷониб Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи АФК ва ФИФА мебошад. Дастаи мунтахаби Узбeкистон яке аз пурқувваттарин дастаҳои Осиё ва кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад. Ӯ аз соли 1996 инҷониб дар ҳама Ҷоми Осиё ширкат кардааст. Дастаи мунтахаби Узбeкистон дар Ҷоми Осиё-2004, 2007 ва 2015 то чорякфинал ва инчунин ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳ ёфт. Дастаи мунтахаби Узбeкистон ҳеҷ гоҳ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон ширкат накардааст, вале ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006, 2014 ва 2018 наздик буд. Мунтахаби Узбeкистон соли 1995 дар Ҷоми Миллатҳои Афро-Осиё соҳиби медали нуқра шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Узбeкистон қаҳрамони[Чемпионати Осиё дар соли 2012 ва инчунин барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё-2010, ки дар Ӯзбекистон баргузор шуд, мебошад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Узбeкистон қаҳрамони Чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонон дар Чин аст. Дастаи олимпии Узбeкистон дар Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 1994 дар Хиросима қаҳрамони мусобиқаи футбол шуд.

Лигаи олии чемпионати футболи Ӯзбекистон Суперлигаи Ӯзбекистон мебошад. Клубхои футболи Узбекистон дар мусобикахои байналхалкй муваффакиятхои калон ба даст меоваранд. Соли 2011 «Насаф» барандаи Ҷоми AFC шуд, муодили Осиё дар Лигаи Аврупои УЕФА. Бошгоҳҳои футболи кишвар дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК, мӯътабартарин мусобиқаи бошгоҳҳои футболи Осиё низ ширкат мекунанд ва дар баъзе мавсимҳо “Пахтакор” ва “Бунёдкор” борҳо ба даври ниманиҳоии ин мусобиқа роҳ ёфтаанд.

Мактаби доварӣ дар футбол қавӣ аст; Довари ФИФА Равшан Эрматов 11 бозии Ҷоми ҷаҳониро доварӣ кардааст, ки рекорди доварони Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад.

Бокс

Бокс низ яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш дар Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ҳайати мунтахаби Узбeкистон чаҳор қаҳрамони олимпӣ, ду медали нуқра ва ҳашт барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар ин навъи варзиш шомиланд. Ин кишвар дар Бозиҳои осиёӣ, қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии ҷаҳон низ аз ҳама бештар медалҳо ба даст овардааст. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 мунтахаби бокси Узбeкистон бо касби 3 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҳисоби медалҳо мақоми аввалро касб кард. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 мунтахаби бокси Узбeкистон боз ҳам беҳтар баромад: панҷ муштзани Узбeкистон медали тилло ба даст оварданд.

Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ

  • 1991 — Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ);
  • 1995 — Ҳизби сотсиал-демократии " Адолат ";
  • 1995 — Ҳизби "Ватан тараққиётӣ" (соли 2000 бо ҳизби Фидокорҳо ба як ҳизб бо номи Фидокорҳо ҳамроҳ шуд);
  • 1995 — Ҳизби демократии "Миллий тикланиш" ";
  • 2000 — Ҳизби Миллии Демократии " Фидокорлар " (соли 2008 ҳизбҳои сиёсии "Миллӣ Тиқланиш" ва "Фидокорлар" ба як ҳизб бо номи "Миллӣ Тиқланиш" муттаҳидшавиашонро эълон карданд );
  • 2003 — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ҲЛиДеӮз);
  • 2008 — Ассотсиатсияи ҷамъиятии " Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон". (Ҷунбиш ба Ҳизби экологии Ӯзбекистон табдил дода шуд ва он 24 январи соли 2019 ба қайд гирифта шудааст).
Remove ads

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Ӯзбекистон
Thumb
Майдон ва маҷмаи Регистон дар Самарқанд
Thumb
мақбараи Биби-Хонум дар Самарқанд
Thumb
Мақбараи сулолавии Сомониён дар Бухоро

Ӯзбекистон иборат аз 12 вилоят, 1 ҷумҳурии мухтор ва як шаҳри асоси дорад.

Thumb
  1. Шаҳри Тошканд (1)
  2. Вилояти Андиҷон (2)
  3. Вилояти Бухоро (3)
  4. Вилояти Фарғона (4)
  5. Вилояти Ҷиззах (5)
  6. Вилояти Xоразм (13)
  7. Вилояти Намангон (6)
  8. Вилояти Навоӣ (7)
  9. Вилояти Қашқадарё (8)
  10. Вилояти Самарқанд (9)
  11. Вилояти Сирдарё (10)
  12. Вилояти Сурхондарё (11)
  13. Вилояти Тошканд (12)
  14. Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (14)
More information Шаҳр, Аҳолӣ 1.07.2001 ...
Remove ads

Ҷуғрофия

Дарозии марзҳои кишвар 6221 км мебошад. Дарозӣ: дар тӯлонӣ (аз шимол ба ҷануб) 925 км, дар арзи ҷуғрофӣ (аз ғарб ба шарқ) 1400 км, шарқтарин нуқтаи Ӯзбекистон, шаҳраки Тополино, вилояти Андиҷон аст.

Баландтарин нуқта аз сатҳи баҳр: Қуллаи Ҳазрат-Султон бо баландии 4643,3 м (қаторкӯҳи Ҳисор). Пасттарин нуқта аз сатҳи баҳр: ботлоқи намаки Кулатай дар Минбулоқ - .712,7 м [47] (биёбони Қизилқум).

Иқлим континенталӣ мебошад. Ҳарорати миёнаи январ аз +4 ° C дар ҷануб то -10 ° C дар шимол, ҳарорати июл аз +27 ° C дар шимол то +37 ° C дар ҷануб фарқ мекунад. Ҳарорати пасттарин -38 ° C мебошад.

Remove ads

Аҳолӣ

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Ӯзбекистон

Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллион 121 ҳазор нафар аҳолиро (дар соли 2017) ташкил мекард, аз он ҷумла 51 % аҳолӣ дар шаҳрҳо истиқомат мекарданд.

Дар таркибӣ миллии кишвар, 82 % (аз 25 миллион зиёдтар мардуми кишвар) — ӯзбекон, 5 % (аз 1,5 миллион зиёдтар) — тоҷикон, 3 % (аз 900 ҳазор зиёдтар) — қазоқҳо, 2 % (аз 800 ҳазор зиёдтар) — русҳо. Ҳамчунин, дар кишвар қароқалпоқҳо (аз 500 ҳазор зиёдтар), тоторҳо (аз 300 ҳазор зиёдтар), қирғизҳо, корейсҳо, туркманҳо, украинҳо, арманиҳо, озарбойҷониҳо, форсҳо (эрониён), уйғурҳо, белорусҳо, яҳудиён (асосан яҳудиёнӣ бухороӣ), олмониҳо, лӯлиҳо, арабони Осиёи Миёна истиқомат мекарданд.

Ҳайати миллии аҳолӣ

More information Миллат, 12 январи 1989 (баҳисобгирии оморӣ) ...

Аз соли 1989 дар Ӯзбекистон баҳисобгирии аҳолӣ гузаронида нашудааст. Мансубияти миллӣ аз рӯи маълумотномаи шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва шаҳодатномаҳои таваллуди фарзандон (аз рӯи миллати волидайн) оварда шудааст.

Remove ads

Иқтисодёт

Идҳои расмии кишвар

Thumb
Мунори Калон ва Масҷиди Калон дар Бухоро
More information Рӯз, Ном ба забони ӯзбекӣ ...
Remove ads

Маориф ва фарҳанг

Анъанаҳо ва арзишҳои миллии узбекӣ – этникӣ ва ахлоқӣ – аз замонҳои қадим ба ҳифзи оила аз таназзул ва эҳтиром, эҳтиром ва эътибори наслҳои калонсол ва меҳмоннавозӣ нисбат ба хориҷиен равона карда шудаанд.

Фарҳанги узбекҳо равшан ва беназир аст, он дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ефта, анъанаҳои халқҳои Гуногунро дар бар мегирад, ки дар замонҳои гуногун дар Қаламрави Узбекистони муосир зиндагӣ мекарданд. Дар он форсҳои қадим, юнониҳо, қабилаҳои туркӣ, арабҳо, саҳм гузоштанд. Анъанаҳои Узбекистони бисермиллатӣ дар мусиқӣ, рақсҳо, Наққошӣ, санъати амалӣ, забон, ошхона ва либос инъикос ефтаанд. Фарҳанги узбекӣ аз фарҳангҳои осиёи Марказӣ иборат аст, аммо дар айни замон ҳар як минтақаи Узбекистон рангҳои.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар соли 2020 шумораи театрҳое, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, 49 ададро ташкил медиҳад.

Шумораи театрҳое, ки дар ҳудудҳои вилоятҳо фаъолият мебаранд, чунинанд:
Самарқанд - 4 то
Қарақалпоқистон - 3 то
Андиҷон - 3 то
Бухоро - 2 то
Ҷиззах - 2 то
Қашқадарё - 4 то
Намангон - 1 то
Сурхондарё - 2 то
Сирдарё - 2 то
Тошканд - 1 то
Фарғона - 5 то
Хоразм - 2 то
шаҳри Тошканд - 18 то. [13]

Дар Ӯзбекистон сатҳи баланд савод аст: 99,9% калонсолони аз 15-сола боло хонда ва навишта метавонанд. Донишҷӯён дар соли хониш аз душанбе то шанбе ба мактаб мераванд ва таҳсили расмӣ дар охири синфи 11 ба итмом мерасад. Бино ба маълумоти Агентии омори Ӯзбекистон, дар аввали соли таҳсили 2022/2023 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ӯзбекистон 10 522 ададро ташкил медод. Дар вактхои охир якчанд мактабхои миёна, мактабхои махсус, мактабхои магнитй, гимназияхо, литсейхо, гимназияхои лингво-техникй ташкил карда шуданд. Таҳсилоти миенаи касбӣ дар мактабҳои махсусгардонидашудаи касбӣ е техникӣ, литсейҳо е коллеҷҳо ва мактабҳои касбӣ пешниҳод карда мешавад. Дар оғози соли таҳсили 2022/2023 ҳиссаи хонандагони ҷинси мард дар шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миенаи умумӣ 51,3% ва ҳиссаи хонандагони ҷинси зан 48,7% — ро ташкил дод.

Дар Узбекистон бисер донишгоҳҳо, институтҳо, академияҳои консерватория, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавҷуданд. Се сатҳи асосӣ мавҷуданд: таҳсилоти олии ибтидоӣ, ки асосҳои соҳаи интихобшудаи таҳсилро таъмин мекунад ва ба дараҷаи бакалавр оварда мерасонад; таҳсилоти олии махсусгардонидашуда, ки дар он ба донишҷӯен дипломи мутахассис дода мешавад; ва таҳсилоти олии илмӣ-педагогӣ, ки ба дараҷаи магистр оварда мерасонад. Таҳсилоти баъдидипломӣ метавонад ба гирифтани дараҷаи номзади илм ва дараҷаи доктори илм (PhD) оварда расонад. Бо Қабули Қонунҳо дар бораи таҳсилот ва таҳсилоти олӣ бахши хусусӣ таъсис дода шуд ва муассисаҳои гуногуни хусусӣ иҷозатнома гирифтанд [14].

Дар Узбекистон хароҷоти давлатӣ барои таҳсил дар Соли 2019 5,6% ММД ва 6,2% ММД дар соли 2021-ро ташкил дод. Дар соли 2019 ҳиссаи зиеди хароҷоти умумии таҳсилот барои таҳсилоти миена (тақрибан 65%), таҳсилоти томактабӣ (21%), таҳсилоти олӣ (10%) ва таҳсилоти миенаи махсус (4%) сарф карда шуд.

Соли 2023 ЮНИСЕФ ба ҳукумати Узбекистон дар таҳияи харитаи Роҳи ислоҳоти маориф, ки ба муттаҳид кардани талошҳои ҳукумат, шарикони рушд, муаллимон, волидон, хонандагон ва ҷомеаҳои мактабӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии барои таҳсилоти босифати дигаргунсозӣ пешбинишуда равона шудааст, кӯмак кард [15].

Remove ads

Ҷозибаҳои сайёҳӣ

Нигораҳо

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads