Антананариву

From Wikipedia, the free encyclopedia

Антананаривуmap
Remove ads

Антананари́ву (то даҳаи 1970 Тананари́ве — шаҳри ҳазор ҷанговар, Та́на; малаг. Antananarivo) — пойтахти Мадагаскар, маркази маъмурии музофоти Антананариву.

Quick facts Антананариву, Кишвар ...

Антананариву дар қисми марказии ҷазираи Мадагаскар, дар пуштакӯҳҳо (1240—1470 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Аҳолиаш 895,3 (бо сокинони атрофаш 1,5 млн нафар, 2010). Маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва нақлиётии мамлакат.

Remove ads

Таърих

Антананаривуро ибтидои садаи XVII шоҳи Имерина Андрианзака бино гузоштааст. Аз ибтидои садаи XIX — пойтахти Шоҳигарии Мадагаскар. Аз соли 1886 — маркази маъмурии Мадагаскар — мустамликаи Франсия (то соли 1960), аз 1975 — пойтахти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Демократии Мадагаскар.

Нақлиёт

Узели роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Роҳи оҳан Антананаривуро бо бандарҳои Таматаве ва Антсирабе пайваст мекунад.

Иқтисод

Муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзор, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, полиграфӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дорад. Дар баландтарин мавзеи Антананариву — Рува қароргоҳи қадимии шоҳӣ, қасрҳои дарбор (1828) ва дар маркази шаҳр, атрофи кӯли Анусӣ биноҳои маъмурии замонавӣ, бошишгоҳи ҳукумат қомат афрохтаанд.

Иҷтимоъ

Дар Антананариву академияи илмҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, осорхонаи санъат ва меъморӣ, осорхонаи мусиқии миллӣ, осорхонаи таърихӣ (1897), бойгонии миллӣ, китобхонаи миллӣ, театрҳо, Боғи зооботаникии Тсимбазаза (1925), Донишгоҳи Мадагаскар, Хонаи радио мавҷуд аст.

Нигаред низ

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads