Забони фаронсавӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Забони фаронсавӣ
Remove ads

Забони фаронсавӣ (фр. le français, la langue française) — забони фаронсавиҳо (забони расмии Фаронса). Яке аз забонҳои расмии аҳоли фаронсавии Белгия, Швейтсария (асосан дар Романдия) ва Канада (асосан дар Квебек) мебошад. Забони фаронсавиро бисёри қисми аҳолии кишварҳои Африқо, ҳавзаи Қариб (Гаитӣ ва ғайра), Гвианаи Фаронса ҳамчун забони расмӣ ва муошират истифода мебаранд.

Quick Facts Номи кӯтоҳ, Кишвар ...
Thumb
Забони фаронсавӣ

Ба гурӯҳи оилаҳои забонҳои ҳиндуаврупоӣ (шохаи италӣ, гурӯҳи романӣ, зергурӯҳи галло-романӣ) дохил мешавад. Аз забони халқи лотинҳо рушд ёфта, аз он дур шуд ва аз ҳамаи забонҳои романӣ фарқ кард. Навишташ дар асоси алифбои лотинӣ асос ёфтааст.

Яке аз забонҳои расмии СММ ва ЮНЕСКО мебошад. Забони фаронсавӣ — забони расмии бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва яке аз серомӯхтатарин, чун забони хориҷӣ мебошад. Тибқи маълумоти созмони байналмилалии «Франкофония», миқдори нафароне, ки ба фаронсавӣ хуб фаҳмонда метавонанд — 274 млн. нафар мебошад.

Remove ads

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads