Баҳроммирзо
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Баҳроммирзои Сафавӣ (форсӣ: بهرام ميرزا صفوی; 1517—1549) — хушнавис, шоир ва наққоши форс-тоҷик.
Remove ads
Зиндагинома
Номи аслиаш Абулфатҳ Баҳроммирзо. Фарзанди шоҳ Исмоили аввали сафавӣ ва бародари шоҳ Таҳмосби аввал. Ӯ шоҳзодаи донишманд, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Шеър мегуфт ва дар шеър «Баҳромӣ» ва «Баҳром» тахаллус мекард. Муаммо медонист, аз мусиқӣ ва ҳунари наққошӣ баҳраманд буд. Донишмандон ва ҳунармандонро гиромӣ медошт ва тарбият мекард. Дар 33-солагӣ даргузашт. Аз осори хаттотии ӯ як маҷмӯа, ки худ ҷамъоварӣ кардааст, дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул, як қитъа ба хатти настаълиқи ҷаллии зебо ва қитъаи дигар дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул аст.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads