Баҳроммирзо

From Wikipedia, the free encyclopedia

Баҳроммирзо
Remove ads

Баҳроммирзои Сафавӣ (форсӣ: بهرام ميرزا صفوی; 15171549) — хушнавис, шоир ва наққоши форс-тоҷик.

Quick facts Баҳроммирзо, Таърихи таваллуд: ...
Remove ads

Зиндагинома

Номи аслиаш Абулфатҳ Баҳроммирзо. Фарзанди шоҳ Исмоили аввали сафавӣ ва бародари шоҳ Таҳмосби аввал. Ӯ шоҳзодаи донишманд, ҳунарманд ва ҳунарпарвар буд. Шеър мегуфт ва дар шеър «Баҳромӣ» ва «Баҳром» тахаллус мекард. Муаммо медонист, аз мусиқӣ ва ҳунари наққошӣ баҳраманд буд. Донишмандон ва ҳунармандонро гиромӣ медошт ва тарбият мекард. Дар 33-солагӣ даргузашт. Аз осори хаттотии ӯ як маҷмӯа, ки худ ҷамъоварӣ кардааст, дар китобхонаи Хазинаи авқофи Истанбул, як қитъа ба хатти настаълиқи ҷаллии зебо ва қитъаи дигар дар китобхонаи Донишгоҳи Истанбул аст.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads