Вебер

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Вебер (Ишораташ Вб, ишорати байналмилалӣ — Wb) — воҳиди сели магнитӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ).

Quick facts Номида ба шарафи, Нишондиҳандаи ченак ...

Ба ифтихори физики олмонӣ Вилҳелм Эдуард Вебер номгузорӣ шудааст. Вебер ба сели магнитие баробар аст, ки ҳангоми то сифр кам шуданаш дар контури бо ин сел илҳоқбудаи муқовиматаш 1 Ом аз буриши кундаланги ноқил 1 Кл миқдори электр мегузарад. Ё ки Вебер сели магнитиест, ки ҳангоми контури сарбастаро гузашта, дар фосилаи 1 с то сифр мунтазам тағйир ёфтани он дар контур КЭҲ-и ба 1 В баробар ба вуҷуд меояд. 1Вб = 1Ом∙1Кл. Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) Вебер сели магнитиест, ки майдони магнитии якҷинсаи индуксияаш 1 тесла буда, ба воситаи 1 м² масоҳати ба самти майдон нормал ҳосил мекунад 1Вб = 1Тл·1м²=1 В∙с.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads