Маҷористон

From Wikipedia, the free encyclopedia

Маҷористон
Remove ads

Маҷористон (русӣ: Венгрия ва англ. Hungary аз юн. ˈhʌŋɡəri;) дар Урупои марказӣ ҷой гирифта, дар шимол бо Словакия; дар шарқ бо Руминия; дар шимолу шарқ бо Украина; дар ҷануб бо Сербистон, Хорватия; дар ғарб бо Утриш ҳаммарз аст. Пойтахти Маҷористон — Будапешт мебошад.

Quick facts
Remove ads

Таърих

Дар асри I пеш аз милод Маҷористон ба ҳайати мулки Рим дохил шуд. Баъди барҳам хурдани Империяи Рим махсусан дар асри V-IX бошад, ҳуҷуми Вестҳо, Готҳо, Гумҳо қарор мегирад. Дар солҳои ҳазорум шоҳигарии Маҷористон ташкил шуд. Дар асри XIII шоҳигарии Маҷористон дар натиҷаи ҳуҷуми тотору муғулҳо заиф мешавад. Дар асри XVI Маҷористон истиқлолро аз даст дода як қисми онҳо ба Туркия гузашт ва қисми дуюмаш боз ду тақсим шуда ғарбияш ба габсбург ва шарқиаш ба турқҳои усмонӣ гузашт. Дар асри XVII туркҳо аз габсбургҳо шикаст хурда ронда мешаванд. Соли 1914 дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ ширкат варзида соли 1918 инқилоб сар мезанад, ки дар натиҷа мустақил мегардад.

Remove ads

Мавқеи ҷуғрофӣ

Мамлакат дар ҳамворӣ ҷой гирифта аст. Дарёи Дунай, ки ба инҷо мегузарад, кишварро ба ду қисм тақсим менамояд. Дар шимол кӯҳсори Алт бо нуқтаи баландии худ, ки Кекеш ном дошта то 1014 метр баланди мавқеъ гирифта аст. Теъдоди аҳолиаш 9,879,000 млн нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 ба 107,2 нафар рост меояд. Теъдоди қавмҳо 83.7% маҷористониҳо, 3.1% румиҳо, 1.3% олмониҳо, 14.7% қавмҳои боқимонда - ро ташкил медиҳад. Забони давлати маҷорӣ. Теъдоди динҳо 68% католикҳо, 25% протестантҳо, 7% бутпарастҳо.

Remove ads

Сиёсат ва ҳукумат

21 марти соли 1919 ҳокимият ба дасти ҳизби сотсиалисти Маҷористон гузашта дар сари ҳокимият Белла Кун меистад. 1 феврали соли 1946 Маҷористон Ҷумҳурӣ эълон шуд. Соли 1947 сарҳад муаян гардид. Соли 1949 Конститутсия қабул шуд. Маҷористон бо номи Ҷумҳурии Халқии Маҷористон қабул гардид. Октябри соли 1956 ошуби зидди комитет аз сари нав қувват гирифта ва Ҷумҳурии Маҷористон ташкил шуд. Соли 1999 Маҷористон узви НАТО гардид.

Бахшбандии кишварӣ

Иқтисод

Маҷористон кишвари саноативу кишоварзӣ буда, соҳаи пешрафтаи саноати мамлакатро мошинсозӣ, қисматҳои алоқавӣ, техникаи тиббӣ, маводҳои кимиёӣ ва бофандагӣ - ро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт дар Аврупо ҷои дуюмро ишғол мекунад. Инчунин соҳаи гардишгарӣ (сайёҳӣ) тараққӣ карда аст.

Содирот бошад, қисматҳои мошин, қувваи барқ, молҳои хурокворӣ. Шарикони боэътимоди тиҷоратиаш Олмон, Италия, Русия, Утриш. Асъори пулӣ форинт.

Remove ads

Аҳолӣ

Фарҳанг ва маориф

Пайвандҳо

Quick facts

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads