Антонио Вивалди

From Wikipedia, the free encyclopedia

Антонио Вивалди
Remove ads

Анто́нио Лучо (Лучио[9], Лючио[10]) Вива́лди (итол. Antonio Lucio Vivaldi; 4 март 1678, Венетсия, Republic of Venice[d]28 июл 1741, Вена, Archduchy of Austria[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d]) — оҳангсоз ва навозандаи чирадасти виюлин, омӯзгор, раҳбари мусиқӣ, кашиши итолиёӣ

Quick facts Антонио Вивалди, Иттилооти асосӣ ...
Remove ads

Зиндагинома

Писари Ҷ. Б. Вивалди — скрипканавози капеллаи калисои ҷомеи Марки Муқаддас дар Венетсия. Дар назди падараш, шояд дар назди Ҷ. Легренси таълим гирифтааст. Ҳамчун скрипканавози моҳир бо кӯшиш ва пурэҳтиросии худ фарқ мекард. Ба навоварӣ, серамалии ҷасурона, унсурҳои ғайридинӣ дар эҷодиёти Вивалди на танҳо иҷрои пурҳарорати ӯ, балки, пеш аз ҳама, малакаи санъаткорона аз ҷониби вай шунида тавонистани лаҳнҳои сурудҳои маишии муосири шаҳри итолиёӣ мусоидат намудаанд. Вивалди яке аз оҳангсозони сермаҳсул дар таърих буда, 465 консерти созӣ, зиёда аз 40 опера (бисёртар дар сужетҳои таърихӣ, асотирӣ), ораторияҳо, кантатаҳо, мотетҳо, мусиқӣ барои созҳои нафасӣ, асарҳои созиву камеравӣ ва вокалӣ эҷод кардааст. Вивалди яке аз асосгузорони жанри консерт барои созҳои якканавозӣ (скрипка, виолончел, виола д, амур, фагот, флейта, гобой, труба ва ғ.) бо оркестр мебошад. Дар консертҳои ӯ шакли силсилавии сеқисма аз рӯйи навъи тазоди увертюраи операи итолиёӣ (тез-суст-тез) муайян гардид. Дар баъзе ҳолатҳо Вивалди консертҳояшро номгузорӣ кардааст («Шаб», «Истироҳат», «Тӯфон дар баҳр», «Пасторал», силсилаи машҳури чор консерти «Фаслҳои сол»[11][12] барои скрипка, квинтети торӣ ва чембало).

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads