Забони итолиёӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Забони итолиёӣ (lingua italiana) — Забони расмии Итолиё, Ватикан, Сан-Марино, Швейтсария (ҳамқатор бо забонҳо олмонӣ, фаронсавӣ ва швейтсарӣ-ретороманӣ). Ҳамчун дуюм забони расми дар як чанд ҳавзаҳои давлатҳои Хорватия ва Словения қабул шудааст.
Remove ads
Таърих
Забони итолиёӣ дар асоси лаҳҷаҳои романии Итолиё таркиб ёфт ва авали худро аз забони халқии лотинӣ гирифт. Забони адабии итолиёӣ дар асоси шеваи Тоскана таркиб ёфт, яъне дар ҳамон ноҳияе, ки қабилаҳои этрускҳо зиндагӣ мекарданд. Ақидае вуҷуд дошт, ки хусусиятҳои шеваи тосканӣ бо шеваи этрускӣ пайваст ҳастанд ва аз ҷиҳати забон дар мӯҳити як гурӯҳанд.[8], аммо дарҳол ин ақида дар шумораи куҳан ба ҳисоб меравад.[9].


Таърихи забони итолиёӣ ба се давра тақсим мекунанд, ки якум давра аз асри X сар карда то асри IX дарбар мегирад, он вақте ки стандарти флорентсиягӣ нисбати боқимонда стандартҳо бартарӣ дошт. Дар марҳалаи ибтидои бунёди шеваҳо, асосан дар марказ ва ҷануби кишвар равнақ меёбад ва одатан ин ҳуҷатҳои ҳуқуқӣ ва ашъори рӯҳонӣ буд. Маркази барҷастаи илм, дайр Монтекассино мешавад. Дертар, охири асри XII, марказҳои алоҳидаи адабиёт ва расмҳои шевагӣ инкишоф меёбанд: Ситсилия, Болония, Умбрия ва дигарон. Ин чунин дар қатори забони «халқӣ» Итолиё забони лотинӣ, забони куҳани фаронсавӣ ва забони куҳани провансалӣ истифода мебурданд.
Дар охири асри XIII мактаби «намуди нави ширинсуханӣ» (dolce stil nuovo) ташаккул ёфт, ки асоси худро аз шеваи тосканӣ гирифт. Намояндагони зиёди адабиёти тоскании асрҳои XIII—XIV — Данте Алигери, Боккаччо ва Петрарка. Дар рисолаи худ «Базм» (Convivio) ва «Оиди ширинсуханни халқӣ» (De vulgari eloquentia) Данте мулоҳизаро тадқиқ кардани буд, дар бораи он, ки бо забони халқӣ метавон дар боби ҳаргуна мавзӯъ асар эҷод кардан, аз бадеӣ то рӯҳонӣ. Ин гуна забони халқии «ташаккулёфта» ӯ volgare illustre номбар мекард, лекин Данте намегуфт, ки як шева ҳамаи хусусиятҳои лавозимиро дорад ва ин гуна ҳисоб намекард.
Асри XIV пас ах коркарди шеваи тосканӣ, ки рӯ ба сифати намунаи Данте, Петрарка ва Боккаччо овард, забони адабии умумиитолиёӣ гашт[10]. Давраи асрҳои XV—XVI байниитолиёӣ номгузор мешавад. Дар ин вақт суханҳое пайдо мешаванд, ки забони халқӣ ва дархусус тосканӣ аз забони лотинӣ бартарӣ дорад ва беҳ аст (Алберти Леон Баттиста, Политсиано Анҷело), сарфу нахви (грамматика) — якум пайдо мешавад. («Дастури забони халқии флорентсӣ», 1495). Нависандагони дигар ноҳияҳо, мисол аз Неапол Якопо Саннадзаро, ҳаракат мекарданд ки забони асарҳои худро ба шеваи тосканӣ наздик кунанд.
Remove ads
Алифбо
Remove ads
Ҷадвал
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи яке аз забонҳои ҷаҳон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Remove ads
Адабиёт
- Serianni, Luca (2000). Italiano (in италиявӣ). Milan: Garzanti.
- Berloco, Fabrizio (2018). The Big Book of Italian Verbs: 900 Fully Conjugated Verbs in All Tenses. With IPA Transcription, 2nd Edition (in англисӣ). Lengu. ISBN 978-8894034813.
Сарчашма
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads