Вилояти Бухоро

From Wikipedia, the free encyclopedia

Вилояти Бухоро
Remove ads

Вилояти Бухоро (ӯзб. Buxoro viloyati بخارا ولایتی) як вилояти Ӯзбекистон, ки дар ҷанубу ғарби кишвар ҷойгир аст. Биёбони Қизилқум қисмати зиёди қаламрави онро дарбар мегирад. Он бо Туркманистон, вилояти Навоӣ вилояти Қашқадарё, як қисми ками вилояти Хоразм ва Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати вилоят 39.400 км 2 аст. Аҳолӣ тахминан 1 543,900 нафар аст (охири соли 2009), ки 71% он дар деҳот зиндагӣ мекунанд.[1]

Quick facts Вилояти Бухоро, Кишвар ...

Вилояти Бухоро ба 11 ноҳияи маъмурӣ тақсим шудааст. Марказ - Бухоро [1] Дигар шаҳрҳои калон: Олот, Қарокӯл, Галаосиё, Газли, Ғиждувон, Когон, Ромитан, Шофиркон ва Вобкент.

Иқлими вилоят континенталии хушк аст.

Шаҳри қадимаи Бухоро ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст ва ҳамчун "осорхонаи зинда" ва як маркази сайёҳии байналмилалӣ маъруф аст. Дар шаҳр ва атрофи он ёдгориҳои сершумори таърихӣ ва меъморӣ мавҷуданд.

Вилояти Бухоро дорои захираҳои назарраси табиӣ, аз қабили газ, нафт, графит, бентонит, мармар, сулфур, оҳаксанг ва ашёи хом барои сохтмон мебошад. Самтҳои аз ҳама рушдёфтаи саноат коркарди нафт, пахтатозакунӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо мебошанд.[2] Ҳунарҳои анъанавӣ, ба монанди гулдӯзии тилоӣ, кулолӣ ва кандакорӣ эҳё шудаанд. Вилояти Бухоро маркази парвариши гӯсфандони қарокулӣ ва истеҳсоли пашмҳои қарокулӣ дар Ӯзбекистон мебошад.

Remove ads

Воҳидҳои маъмурӣ

Thumb
Ноҳияҳои вилояти Бухоро
More information №, Ноҳия ...

Эзоҳ

Пайванд

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads