Вобканд

From Wikipedia, the free encyclopedia

Вобканд
Remove ads

Вобканд (ӯзбекӣ: Vobkent, Вобкент) — шаҳр дар вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Маркази маъмурии ноҳия тумани Вобканд.

Quick facts Вобканд, Кишвар ...
Remove ads

Ҷуғрофиё ва аҳолӣ

Вобканд яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Миёна буда, дар масофаи 28 км дуртар аз шаҳри Бухоро воқеъ аст. Аҳолиаш 20,6 ҳазор нафар (2014), асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо, инчунин русҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо зиндагонӣ мекунанд. Аз ҳудуди Вобканд яке аз шохобҳои дарёи Зарафшон ҷорӣ мешавад. Вобканд аслан шаҳри ҳунармандон буда, саноати бофандагӣ ва парандапарварӣ ривоҷ ёфтааст. Д

Таърих

ар асрҳои миёна дар ҳудуди Вобканд якчанд деҳа (қӯрғон) мавҷуд буданд, ки яке аз онҳо деҳаи Наршах дар қисми ғарбии он аст. Олими таърихнигор (сармуншии дарбори Сомониён) Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ (муаллифи «Таърихи Наршахӣ», 934—944) дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст. Ҳангоми шӯриши Муқаннаъ деҳаи Наршах яке марказҳои он будааст. Дар маъхазҳои садаи XIV («Баҳру-л-асрор»-и Маҳмуд ибни Валӣ ва «Маҷмаъу-л-арқон»-и Мирзо Бадеъ) маълумот дар бораи шаҳри Вобканд зикр шудааст. Ҳангоми салтанати Темуриёни Ҳинд ва Шайбониҳо дар Вобканд зарробхона мавҷуд буда, ба номи амирон танга зарб мекарданд.

Remove ads

Ёдгориҳои меъморӣ

Аз ёдгориҳои меъморӣ Манораи Вобканд, ки аз ҷониби Садри Бухоро — Бурҳонуддин Абдулазиз соли 595 ҳиҷрӣ (1198—1199 м) бунёд шудааст, боқӣ мондааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads