Вилояти Сурхондарё
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Вилояти Сурхондарё яке аз вилоятҳои тоҷикнишин(тоҷикон зиёда аз 23%) дар ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар ҷануби он воқеъ гардидааст. Шаҳри Термиз, ки бисёри мардумаш тоҷик (38%) мебошад, маркази маъмурии ин вилоят аст.
Remove ads
Иқлим
Иқлимаш ба минтақаи субтропикӣ рост меояд. Ҳудуди вилоятро хатти арзи шимолии 37°10' — 39°02' ва дарозии шарқии 66°32'- 68°25' бурида мегузарад. Аҳолиаш 1 милёну 806 ҳазору 700 нафар.
Таърих
Вилоят дар таърихи 6 марти соли 1941 ташкил карда шудааст.
Ҷуғрофия
Вилоят бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарьё ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 20 100 километри мураббаъ. Ба шаҳрҳои бузурги дигар Бойсун, Сариосиё, Шарғун, Шеробод, Шӯрчи, Кумқӯрғон ва Жарқӯрғон медароянд.
Аҳолӣ
аҳолиаш аз рӯи маълумоти соли 2005, 1 милёну 925 ҳазору 100 нафарро ташкил мекунад. Истиқоматкунандагони ин вилоят асосан мардуми тоҷик ва ӯзбеканд. Аҳолии пойтахти вилоят, шаҳри Термиз 122 ҳазору 900 нафарро ташкил мекунад ва буругтарин шаҳри вилоят шаҳри Деҳнав (Ӯзбекистон) буда 69 ҳазору 500 нафар иқоматкунанда дорад.
Тақсимоти маъмурӣ
Вилоят маъмуран ба 14 ноҳия, 8 шаҳр, 7 шаҳрак ва 114 деҳа тақсим шудааст.
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads