Вилояти Ғарм

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Вилояти Ғарм (форсӣ: ولایت غرم) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19391955 буд. Ин вилоят дар шимолу шарқи кишвар, дар дараи рӯди Сурхоб ҷойгир буд.

More information Вилояти Ғарм, Донистаниҳо ...

Маркарзи идории вилоят шаҳраки Ғарм буд.

Remove ads

Таърих

Thumb
Вилояти Ғарм

Вилояти Ғарм бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931—1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд. 16 марти соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд шуд, аммо як сол пас барҳам дода шуд.

Дуюмбора вилояти Ғарм бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 октябри соли 1939[1] таъсис ёфт ва ноҳияҳои Ғарм, Ҷиргатол, Қалъаи лаби Об, Қалаъи Хум, Комсомолобод, Оби Гарм, Сангвор, Тавилдара, Ҳоит, ноҳияи Ванҷ ва Шулмакро дар бар мегирифт.

Thumb
Вилояти Ғарм дигар вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон

Вилояти Ғарм бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1955 барҳам дода шуд ва сарзамини он бахiе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Ҳамаи мардуми Вилояти Ғарм аз тоҷикон ва дар ноҳияи Ҷиргатол қисман қирғиз ва пайрави дини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ буданд.




Remove ads

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads