Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ҳамч. Ноҳияҳои тобеи марказ, форсӣ: ناحیههای تابع جمهوری) — як воҳиди идорӣ аз тақсимоти кишварии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки сездаҳ ноҳияро дар бар мегирад ва шомили ҳеч кадом аз вилоятҳои Тоҷикистон нест ва мустақиман аз Душанбе идора мешавад.
Аҳолӣ — 2 270 000 нафар (2022).
Remove ads
Ҷойгоҳ
Паҳноварии ин воҳиди идорӣ дар соли 2016 — 28 600 км² аст, ки 20,1 дарсад аз ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар водии Ҳисор ва водии Рашт ҷойгир шуда аз самти ҷануб бо виолияти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шимол бо вилояти Суғд, ҷануб бо вилояти Хатлон ва аз шарқ бо ВМКБ ҳамсарҳад мебошанд. Дар ин қаламрави ҷумҳурӣ, дар водии Ҳисор, пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе низ воқеъ аст.
Remove ads
Таърих
Дар қисме аз НТҶ дар солҳои 1939-1951 вилояти Сталинобод ва дар солҳои 1939-1955 вилояти Ғарм вуҷуд доштанд. Соли 1951 вилояти Сталинобод барҳам ёфта ҳамаи ноҳияҳояш ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаштанд, дар соли 1955 вилояти Ғарм барҳам дода шуд ва ноҳияҳояш ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаштанд. Дар соли 1977 қисме аз ноҳияҳо ба вилояти нави Қӯрғонтеппа дода шуданд.
Мардум
Бино бар саршумори соли 2016, шумораи аҳолии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1972,3 ҳазор кас буда, ки 23,1% дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин шумор 259,0 ҳазор нафар (13,1 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 1713,3 ҳазор нафар (86,9 дарсад) рустоӣ будаанд. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 69,0 кас бар км² аст.[1] Мардуми [НТҶ] ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ сухан мегӯянд.
Тоҷикон – 85%, ӯзбекон — 12%, ғайра — 3%.
Ҳайати миллӣ тибқи барӯйхатгириҳои шӯравӣ (1979; 1989) ва Тоҷикистон (2010)
Бахшбандӣ
Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 шаҳр, 13 шаҳрак, 13 ноҳия ва 101 ҷамоат дорад[2]:
Remove ads
Аҳолӣ
Remove ads
Иқтисодиёт
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Омӯзишу парвариш
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Нигаред
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads