Виолончел

From Wikipedia, the free encyclopedia

Виолончел
Remove ads

Виолончел (итол. violoncello) — сози мусиқии тории камончадор аз навъи скрипкаиҳо, ки регистри басию-тенорӣ дорад. Виолончел аз скрипкаву алт якчанд баробар калон ва аз контрабас хурд аст.

Quick facts Забони асар ё навишта, Ҷоизаҳо ...

Таърих

Виолончел охири асри 15 — аввали асри 16 пайдо шудааст. Намунаҳои классикии онро устоҳои итолиёӣ Ноколо Амати, Ҷ. Гварнери, А. Страдивари сохтаанд. Виолончел 4 тор дорад, ки ба фосилаи квинта ҷӯр мешаванд: тори якум — «ля»-и октаваи хурд, тори дуюм «ре»-и октаваи хурд, тори сеюм «сол»-и октаваи калон, тори чорум — «до»-и октаваи калон. Диапазони виолончел аз нотаи «до»-и октаваи калон то «ми»-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Шакли имрӯзаи виолончел нимаи дуюми асри 19 пайдо шуд. Онро бо тиргак (шпил)-и филиззӣ ба замин такя дода (танаашро бо зонуҳо дошта), дар курсӣ нишаста менавозанд. Нотаи виолончел дар се мифтоҳ (калид): бас, тенор ва скрипка сабт мешавад. Лаҳни торҳояш чунинанд: тори якум — равшану кушода, тори дуюм — хушоҳанг, вале хиратар, тори сеюм — зичи тамом, тори чорум — ғафс. Тарзу услуби навохтанаш ба скрипка монанд аст.

Оҳангсозони машҳури ҷаҳон аз қабили Л. Бетховен, И. С. Бах, И. Гайдн, Ф. Менделсон, Ф. Шопен, Э. Гринг, И. Брамс, К. Дебюс, С. Рахманинов, Р. Шуман, К. Сен-сан, С. Прокоф ев, Д. Шостакович, Л. Беккерини ва дигарон барои виолончел сонатаҳо, консертҳо ва сюитаҳо навиштаанд. Вариатсияҳои консертӣ дар мавзӯи «Рококо»-и П. Чайковский дар ҷаҳон машҳур гаштаанд. Оҳангсозони тоҷик низ барои виолончел асарҳо эҷод кардаанд. «Соната»-и А. Одинаев, «Консерт барои виолончел ва оркестри симфонӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Романс барои виолончел ва фортепиано»-и А. Ҳамдамов, «Пйесаи помирӣ»-и И. Рогалский, «Суруд-поэма»-и Я. Сабзанов,

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads