Галилео Галилей

From Wikipedia, the free encyclopedia

Галилео Галилей
Remove ads

Галиле́о Галиле́й (итол. Galileo Galilei; 15 феврали 1564, Пиза — 8 январи 1642, Арчетри) — физикдон, механик, ахтаршинос, файласуф, ва риёзидони итолиёӣ, яке аз поягузорони таҳаввули илмӣ ва гузор ба даврони дониши навин.

Thumb
Remove ads

Зиндагинома

Галилей 15 феврали 1564 дар шаҳри Пизаи Итолиё ба дунё омадааст. Падараш Винчензо Галилей аз мусиқидонони номдори Итолиё буд. Галилей дорои панҷ хоҳар ва бародари дигар буд.

Ибтидо қарор буд дар калисо барои кишиш шудан машғул шавад, аммо падараш вайро ба таҳсил дар риштаи пизишки дар Донишгоҳ Пиза фиристод. Галилей тиббро наёмухт аммо ба ҷои он ба мутолиаи риёзиёт пардохт ва ба он алоқаманд шуд ба гунае, ки дар соли 1588 тавонист ба унвони мударриси риёзиёт дар ҳамон донишгоҳ ба кор машғул шавад.

Се сол баъд ба Донишгоҳи Падуа рафт ва ба тадриси ҳандаса, механик ва нуҷум пардохт. Вай то соли 1610 омӯзиш ва пажӯҳишро дар ин донишгоҳ идома дод ва бештарин дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқоти вай марбут ба ҳамин давра аст.

Галилей пайрави мазҳаби католик аз дини масеҳият буд. Вай бо Морино Гомбо иртибот дошт ва аз вай дорои ду духтар ва як писар шуд, аммо ҳаргиз бо ӯ издивоҷ накард. Писари Галилей, ки дар авохир умри вай ба ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекард ва яке аз зиндагиноманависҳои Галилей ҳам ҳаст, ҳамвора аз ин бобат, ки Галилей бо модараш издивоҷ накарда будааст вайро сарзаниш мекард. Албатта Галилей бо инки ҳаргиз бо Морино Гомбо издивоҷ накард, аммо вазоифи як ҳамсарро дар қиболи ӯ ва низ вазоифи як падарро дар қиболи фарзандонаш ба наҳви аҳсан анҷом дод. Ӯ онқадар мутааҳҳид буд, ки аз бародари худ ҳам ҳимояти зиёде кард.

Галилей 8 январи 1642 дар синни ҳафтоду ҳафт солагӣ даргузашт.

Remove ads

Фаъолияти илмӣ

Дар ин давраи фаъолияташ қонуни инерсия, қонуни ҳаракати ҷисм дар ҳамвории моил ва қонуни афтиши озодро кашф кард. Қоидаҳои ҷамъ кардани ҳаракатҳо, принсипи нисбият ва мафҳуми бақои энергияи механикиро (ҳангоми лапиши раққосак) муайян намуд. Механикаи Галилей-Нютон соҳаи муҳимми илм гардид. Галилео Галилей аввал телескопи 3 баробар, сипас 32 баробар калонкунанда сохта, осмон, дар Моҳ кӯҳҳо, чаҳор радифи сайёраи Муштарӣ, фазаҳои Зуҳраро мушоҳида кард. Галилео Галилей асари аввалини худ «Ахбори ситора»-ро навиштааст (1610 — 11). Ин китоб хеле хуб пазируфта шуда, ба Галилео Галилей «Колумби осмон» ном доданд. Асарҳо оид ба ҷисмҳои дар моеъ шинокунанда (1612), «Оид ба даврзании ҷисмҳои осмонӣ» (1616), «Муколама оид ба ду системаи асосии ҷаҳонӣ: птоломейӣ ва коперникӣ» (1632), «Суҳбат ва исботи риёзӣ оид ба ду шохаи соҳаи нави илм»-ро таълиф кард. Ба ақидаи Галилео Галилей олам асоси моддӣ дошта, берун аз шуури инсон вуҷуд дорад, ҳангоми ҳодисоти табиӣ ҳеч чиз худ аз худ пайдо ва нест намешавад, танҳо мавқеи нисбии ҷисмҳо тағйир меёбад, ҷисмҳои осмонӣ ба Замин монанданд ва ба қонунҳои умумии механика тобеанд. Галилео Галилей вазифаи илмро ҷустуҷӯи сабаби ҳодисот, мушоҳидаҳоро оғози таҳқиқи табиат ва таҷрибаро асоси илм медонист, вале мувофиқи талаби замонаш «қувваи ибтидоӣ» (қувваи илоҳӣ)-ро низ эътироф мекард[8].


Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads