Далер Назаров
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Далер Назаров (Назаров Далер Меҳрубонович; 8 сентябри 1959, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — оҳангсоз, сароянда ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.
Remove ads
Зиндагинома
Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъатшинос, дромнавис Меҳрубон Назаров ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии худро дар ибтидои солҳои 1980 оғоз намудааст. Вай бештари умри худро дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон гузаронидааст. Ҳамчун сарояндаи эстрада ва композитори тоҷик ва ҳунарпешаи синамо машҳур шудааст. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандӣ (1992 — 1997) маҷбур шуд, ки зодгоҳашро тарк кунад. Солҳо дар Алматӣ, Қазоқистон зиндагӣ кард, баъд ба Душанбе баргашт.
Remove ads
Эҷодиёт
Чеҳраи ҳунарии ӯ ҳамчун сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навини тоҷик, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии «поп-фолк» таълиф намуда месарояд, маъмул аст.
Синамогарӣ
- Маҳбуб, оҳангсоз ва ҳунарпеша, (1988)
- Падари моҳтобӣ, оҳангсоз, (1999), Moon Father
- Асрори мавлудӣ, оҳангсоз, (2000), The Christmas Miracle
- Инглистон, оҳангсоз, (2000)
- Муҷассамаи ишқ, оҳангсоз, (2003)
- Костюм, оҳангсоз, (2003), The Suit
- Ишқҳои Душанбе, оҳангсоз ва ҳунарпеша, (2005)
- Шоири зуболиҳо, оҳангсоз, (2005)
Албумҳо
Remove ads
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads