Иван Антипов-Каратаев

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Ива́н Никола́евич Анти́пов-Карата́ев (1 (13) сентябр 1888, деҳ. Теняево, уезди Стерлитамак, губернияи Уфа — 3 июли 1965, Боку) — хокшинос, агрохимик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).

Quick facts Иван Антипов-Каратаев, Таърихи таваллуд ...
Remove ads

Зиндагинома

Донишкадаи муаллимии шаҳри Уфа (1914) ва Донишгоҳи давлатии Москва (1927)-ро хатм кардааст. Аз соли 1926 то охири умр ходими илмии Институти хокшиносии ба номи В. В. Докучаев, ҳамзамон асосгузор ва роҳбари илмии Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш (1936 — 51) ва аз соли 1951 роҳбари илмии Институти хокшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Ӯ муаллифи зиёда аз 300 асари илмист, ки асосан ба масъалаҳои хокшиносӣ, агрономия, мелиоратсияи комплексии заминҳои шӯр, аз ҷумла роҳҳои беҳтар намудани ҳосилхезии заминҳои вилояти Хатлон, Помири Шарқӣ ва мавзеи Мирзочӯл оиданд.

Remove ads

Ҷоизаву унвонҳо

Антипов-Каратаев аъзои фахрии Ҷамъияти умумииттифоқии хокшиносон (аз 1951) буд. Дорандаи Мукофоти ба номи В. В. Докучаев (1964) ва ба номи Г. Димитров (1960).

Бо 4 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Барои хидматҳои гражданӣ» (Булғория), медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор

  • Почвы Вахшской долины и их мелиорация, Д., 1947;
  • Почвенные и почвенно-мелиоративные исследования в Таджикистане, Д., 1950;
  • Влияние длительного орошения на процессы почвообразования и плодородие почв степной полосы Европейской части СССР, М., 1955.

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads