Исломобод

From Wikipedia, the free encyclopedia

Исломободmap
Remove ads

Исломобод ( (урду: اسلام آباد, англ. Islamabad) — шаҳр дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Покистон ва пойтахти он. Маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар аст.

Quick facts Исломобод, Кишвар ...
Thumb
Исламабад
Remove ads

Ҷуғрофия

Шаҳри Исломобод дар канори як қаторкӯҳ ва ҷануби қалъаи Мор ҷойгир аст. Шаҳри нав ва шаҳри қадимаи Исломобод, ки номи шаҳри қадимааш Гоҷор аст (ин шаҳр қисми пештараи Равалпинди, ки ҳоло "шаҳри кӯҳнаи Исломобод" номида мешавад) паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгир шудааанд ва даричаи кишвар аз гузашта ба ҳозира мебошад. Дар канори Исломобод се кӯл бо номи Саранес, Симли ва Хонпур ҷойгиранд, ки ба зебоӣ ва иқлими шаҳр таъсири бузург мерасонанд.

Онҳо дар шимолу шарқи пойтахти Исломобод ҷойгир мебошанд, ки аҳолиаш 530 000 аст. Таърихан, ин минтақа як қисми иёлати Панҷоб аст. Се кӯли сунъии ба дасти инсон сохташуда, аз қабили Роул, Симли ва Ханпур, ҳавои ин минтақаро таъдид кардаанд. Дар тобистон иқлими Исломобод гарм ва вазнин аст, боронҳои шадид дар моҳҳои июл ва август меборанд. Дар зимистон, иқлими шаҳр сард аст ва баъзан дарҷааш ба сифр мефарояд. Дар теппаҳои гирду атрофи шаҳр, Пир Суҳаво ва Мергала барф низ меборад.

Минтақаҳое, ки Исломободро иҳота мекунанд

  • Шарқ: Катли Сотйон / Мурей
  • Шимолу Шарқӣ: Мурей / Каҳута
  • Шимолу Ғарбӣ: Таксила / Ваҳ Кант / ноҳияи Аток
  • Ҷанубу Шарқӣ: Гоҷар Хон / Клар Сидон / Рават / Мендроҳ
  • Ҷанубу Ғарбӣ: Равалпиндӣ
  • Ғарб: NWFP
Remove ads

Аҳолӣ ва дин

Мувофиқи саршумории соли 1998, аз шумораи умумии аҳолии Исломобод 25% ақвоми Панҷоб, 10% муҳоҷирони урду, 15% муҳоҷирони паштун ва 2% миллатҳои дигар (аз ҷумла Синд, Балуч ва Кашмир) мебошанд. Исломобод — шаҳри сермиллат аст. Забони расмӣ — урду. Ҳамчунин дар коргузории иқтисодиву таҳсилотӣ англисӣ қарор дорад. Шумораи зиёди сокинон инчунин ба забони панҷобӣ — 72 % сокинони Исломобод. Дар ҷойи дуюм забони урду ва забони пушту (ҳар ду 10 % аҳолӣ), ва забонҳои дигар камтар аз 1 % сухан мегуянд.

Ислом — дини расмии Покистон аст, аксарияти сокинони Исломобод (95,53 %) — мусулмон ҳастанд. Бештари мусулмонон суннимазҳабанд ва инчунин шиа мебошанд. 0,22 % мазҳаби аҳмадия (пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад) мебошанд. Соли 1974 парлумони кишвар пайравони аҳмадияро ғайри мусулмон эълон кардааст[2]. Христиане составляют 1,59 % населения Исламабада, индуисты — 1,6 %[3].

Аҳолӣ аз рӯи сол[1][4]:
1972198119982012 2017
76 641204 364529 1801 082 262 2 006 572
Remove ads

Бародаршаҳрҳо

Ҳоло Исломобод ҳафт бародаршаҳр дорад:

Нигораҳо

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads