Анқара

пойтахти Туркия From Wikipedia, the free encyclopedia

Анқара
Remove ads

Анқара (тур. Ankara) — шаҳр, пойтахти Ҷумҳурии Туркия. Маркази маъмурии вилояти Анқара.

Quick Facts Анқара, Кишвар ...
Remove ads

Ҷуғрофия

Анқара дар шимолу ғарби суфакӯҳи Анатолиё ҷойгир аст. Аз рӯи шумораи аҳолӣ (3,3 млн нафар, 2005) ва аз рӯи аҳамияти иқтисодӣ дар кишвари Туркия шаҳри дуюм баъди Истанбул аст.

Иқлим

Иқлимаш континенталӣ, ҳарорати миёнаи моҳи январ – 0,7°С, июл +23,2°С. Боришоти солона 340 мм.

More information Иқлими Анқара (меъёри 1975—2010), Нишондод ...
Remove ads

Аҳолӣ

Аҳолӣ 5 270 575 нафар (2015)[4].

Аҳолии Анқара[5]
2015 5 270 575
2014 5 150 072
2013 5 045 083
2012 4 965 384
2011 4 890 893
2010 4 431 719
2009 4 306 105
2008 4 194 939
2007 3 763 591
2000 3 203 362
1997 2 917 602
1990 2 559 511
1985 2 228 398
1980 1 800 587
1975 1 606 040
1970 1 236 152
1965 905 660
1960 650 067
1955 451 241
1950 288 536
1945 226 712
1940 157 242
1935 122 720
1927 74 553
Сол ва Аҳолӣ
(2008)[6]
0—4331 158
МардонЗанон
5—9345 329


10—14357 559


15—19354 576


20—24419 914


25—29431 961


30—34398 132


35—39373 252


40—44342 467


45—49310 850


50—54257 265


55—59195 040


60—64140 901


65—69104 618


70—7474 064


75—7962 950


80+48 894


Remove ads

Иқтисод

Роҳҳои оҳан ва нақлиёти автомобилгарди Анқара Аврупоро бо Осиё мепайванданд. Дорои метрополитен аст. Анқара заводҳои авиатсионӣ (истеҳсоли самолёти Ф-16), тракторсозӣ, сементбарорӣ ва корхонаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, чармгарӣ, истеҳсоли пашмина (пашми ангорӣ), маҳсулоти ҳунармандӣ дорад. Аэропорташ байналхалқист. Қубурҳои интиқоли нефту газ аз Россия ва давлатҳои Осиё ба тавассути Анқара ба Аврупо мегузаранд.

Маориф ва фарҳанг

Дар Анқара мактабҳои олӣ (Донишгоҳи Шарқи Миёна, ки дар он Китобхонаи миллии Туркия ҷойгир аст), Академияи санъати тасвирӣ, консерватория, театрҳо, аз ҷумла Театри калони давлатӣ, Оркестри симфонии президентӣ, Мавзолеи нахустин Президенти Туркия Камол Отатурк ва ғайра воқеанд.

Таърих

Thumb
Анқара, расми қарни XVIII.

Анқара яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Хурд аст. Қалъаи он ҳанӯз аз давраи хеттҳо (1200 то милод) вазифаи паноҳгоҳро иҷро менамуд. Анқара дар садаи VII то милод бо номи Анкире аз тарафи фригиягиҳо дар сари роҳи корвонгард бунёд гардида маркази тиҷорат маҳсуб мешуд. Дар замони Империяи Рум (бо номи Анкира) пойтахти музофоти Галатия буд. Минбаъд шаҳр аз даст ба даст – яъне ба византиягиҳо, арабҳо, салибдорон, туркони салҷуқӣ (асри 11) гузашт. Анқара дар садаи XIV маркази маъмурии Туркияи Усмонӣ буд. Замони ҳукмр. Империяи Усмонӣ дар яке аз муҳорибаҳои назди Анқара (1402) лашкари Темур Султон Боязидро шикаст дод. Пас аз ислоҳоти соли 1864-и Туркия Анқара маркази вилояти Анадолу (ҳозира Анталия ё Анатолия) гардид. 23 апрели 1920 дар Анқара нахустин Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия баргузор шуд, ки он ба ҳукумати миллӣ асос гузошт (дар ин бино осорхона ташкил шудааст). Аз 29 октябри 1923 пойтахти Ҷумҳурии Туркия мебошад.

Remove ads

Ёдгориҳои меъморию таърихӣ

Аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ маъбади Август (асри 10 милод), харобаҳои биноҳои давраи Руми Бостон, Қалъаи Анқара (дар он мақбараи Алоуддин мавҷуд аст, ки рамзи шаҳр ба ҳисоб меравад), Масҷиди Хоҷатеппа (1987, бузургтарин дар мамлакат) ҷолиби диққатанд.

Remove ads

Бародаршаҳрҳо

Remove ads

Пайвандҳо

Сарчашма

Эзоҳ

  1. Города-побратимы. Внешние связи Бойгонӣ шудааст 27 августи 2010  сол. Официальный сайт Исполнительного органа местной государственной власти в городе Душанбе(тоҷ.)(рус.)(англ.)
  2. Sister Cities Of Ankara Бойгонӣ шудааст 5 июли 2010  сол. Greater Municipality of Ankara(тур.)(англ.)
  3. Twin towns and Sister cities of Minsk [via WaybackMachine.com] (Russian). The department of protocol and international relations of Minsk City Executive Committee. 21 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2013.
  4. Tbilisi Sister Cities. Tbilisi City Hall. Tbilisi Municipal Portal. 5 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 июли 2013.
  5. Twinning Cities: International Relations (PDF). Municipality of Tirana. www.tirana.gov.al. 23 июни 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2011.
  6. Signing Sister City Protocol between Zagreb and Ankara. Ankara Metropolitan Municipality (27 October 2008). 29 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2012.
Remove ads
Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads