Исфара (дарё)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Исфара — дарёест дар xамохири Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон сар шуда, болообаш Оқсу, миёнаобаш Каравшин ва поёнобаш (баъди ҳамроҳ шудани д. Кишанбич) Исфара ном дорад.
Remove ads
Тавсиф
- Тӯли дарё — 107 км,
- ҳавзааш — 3240 км мураббаъ.
- Сарфи миёнаи бисёрсолаи оби дарё дар наздикии шаҳри Исфара — 14,7м3/сон.
- Сарфи зиёдтарини об — 15,2 м3/сон, камтаринаш 3,95 м3/сон.
- Давраҳои пуробӣ: июл-сенябр, камобӣ: фасли зимистон.
- Манбааш пиряҳу барф, асосан аз пиряҳи Оқсу об мегирад.
Исфара дар болооби худ аз дараҳои танг гузашта, ҷараёнаш тез аст. Баҳору тобистон оби дарё одатан лой аст (1 м3 об 8800 г xинсҳои тахшин дорад). Исфара пурра барои обёрӣ сарф мешавад. Обанбори Боткони Қирғизистон аз Исфара об мегирад.
Remove ads
Аксҳои дарё
Нигаред
Манобеъ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads