Криштиану Роналду
футболбози портуғолӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Криштиа́ну Рона́лду душ Са́нтуш Аве́йру (португалӣ: Cristiano Ronaldo dos Santos Aveiro; 5 феврали соли 1985, Фуншал, Португалия) — футболбози Португалияӣ, сарвони бошгоҳи «Ан-Наср» ва тими миллии Португалия. Дорандаи 5 тӯби тиллоӣ[2].
Аввалин футболбозест, ки дар Лигабартари Инглистон, Ла Лигаи Испониё ва Силсилаи А-и Итолиё унвони қаҳрамониро соҳиб шудааст. Ӯ аз тарафи федеросиюни футболи Португалия дар таърихи Португалия ҳамчун беҳтарин футболбоз эътироф шуд. Дар таърихи бошгоҳи «Реал Мадрид» ва тими миллии Португалия мақоми голзани беҳтаринро дорад.
Роналду беҳтарин бозигари ҷавон дар Чемпионати футболи Урупо 2004 дониста шуд. Қаҳрамони лигабартари Инглистон дар мавсими 2006/2007, (беҳтарин бозигар, беҳтарин бозингари ҷавон) – 2007/2008, (беҳтарин бозигар) – 2008/2009. Дорандаи «Кафши тиллоӣ» дар солҳои 2008, 2011, 2014 ва 2015. Соли 2008 аз рӯи интихоби УЕФА беҳтарин футболбози сол дар футболи бошгоҳии УЕФА ва Лигаи қаҳрамонҳо дониста шудааст, соҳиби «Тӯби тиллоӣ (France Football)» ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон ва мукофоти «Бозингари сол, ФИФА» гардидааст. Соли 2015 се карат дорандаи «Тӯби тиллоӣ (France Football)», ҳамчун футболисти беҳтарини ҷаҳон дар соли 2014 дониста шудааст.
Remove ads
Зиндагинома
Криштиа́ну Роналду 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали ҷазираи Мадейра, Португалия ба дунё омадааст. Падараш Жозе Диниш Авейру (1954—2005) боғбон ва модараш Мария Долореш душ Сантуш Авейру ошпаз (тав. 1954) буданд. Номашро холааш интихоб кардааст. Номи дуюми Криштиану ҳангоми таваллуд (фарзанди чорум дар оила) Роналду, аз рӯи интихоби падараш, ба муносибати номи президенти ИМА Роналд Рейган, гузошта шудааст[3].
Падари Роналду соли 2005 аз ҳисоби нушокиҳои спиртӣ вафот кард. Роналду панҷ фарзанд дорад.
Remove ads
Маснади бошгоҳӣ
Мунтахаби миллӣ
Ҷоизаҳо
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads
