Португалия
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Португалия (Portugal, República Portuguesa), номи расмӣ, Ҷумҳурии Португалия — давлат дар Аврупои Ғарбӣ, ғарбтарин давлат дар Аврупои континенталӣ. Ҳудуд — 92 225 км², аҳолӣ — 10 347 892 нафар.
Ин мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Portugal(англ.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Дар қисми ҷанубу ғарбии нимҷазираи Пиреней ҷойгир аст. Дар шимол ва шарқ бо Испания ҳамсарҳад аст, дар ҷануб ва ғарб онро уқёнуси Атлантик шустааст; ҳамин тавр, Португалия ниманклав ё анклави соҳилӣ мебошад.
Пойтахташ Лиссабон аст. Забони расмӣ — португалӣ. Воҳиди пулӣ — евро.
Дар асрҳои 15—16 бо ҳамроҳии Бразилия ва Ангола Португалия ба яке аз калонтарин империяҳои мустамликавӣ табдил ёфт. Дар ибтидои асри 19 ҳудуди империяи Португалия 10,4 миллион км² буд.
Ба кишварҳои пешрафта дохил аст. Ҷумҳурӣ аз соли 1910. Давлати ягона.
Узви НАТО (аз 1949), СММ (аз 1955), OECD (аз 1961), Иттиҳоди Аврупо (аз 1 январи 1986), Иттиҳоди кишварҳои португалзабон (аз 1996), Шӯрои Аврупо. Ба минтақаи Шенген ва минтақаи евро дохил карда шудааст. Аз соли 1991 дар нишастҳои Иберу-Амрико иштирок мекунад.
Remove ads
Таърих
Сиёсат ва ҳукумат
Бахшбандии кишварӣ
Ҷуғрофия
Иқтисод
Аҳолӣ
Фарҳанг ва маориф
Нигаред низ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads