Лутфулло Давлатзода

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Лутфулло Давлатзода (Давлатов Лутфулло Саъдуллоевич; 2 апрели 1958, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999).

Quick facts Лутфулло Давлатзода, Таърихи таваллуд: ...
Remove ads

Зиндагинома

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расонда, муддате дар Театри драмаи мусиқии ш. Конибодом кор кардааст. Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, солҳои 2004—2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Теле­ви­зони Тоҷикис­тон, солҳои 2010—2015 ТВ Сафина ва аз соли 2015 то соли 2022 — директори Театри Лоҳутӣ[1].

Remove ads

Театр

Дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб зиёд офаридааст. Спектаклҳои «Найи сеҳрнок», «Вопасин арӯси Амир­алмӯъ­минин», «Фарзанди Осиё», «Ҷияни хира», «Нахи печида», «Эдип», «Фарёди ишқ», «Дод аз дасти ақл», «Дохунда» ва ғайраҳо бо ҳунараш рангу бӯ гирифтаанд, маҳораташ дар спектаклҳои телевизионии «Курсии сеҳрнок», «Зани оҳанин», «Дуздӣ», «Ҳайкал», «Аноӣ», филм — спектакли «Ғуруб» ва ғайра зуҳур кардааст. Ҳунарашро дар филмҳои бадеию телевизионии «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» «Беҳуда хорам мекунӣ» ва ғайра нишон додааст. Истеъдоди хуби сарояндагӣ ҳам дорад. «Аз ғамат ай нозанин», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистонро нигоҳ дор» барин суруд­ҳоро ҳаводорон хуш пазируфтаанд.

Remove ads

Ҷоизаҳо

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads