Маҳмадсаид Аҳмадов
овозхони тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Маҳмадсаид Аҳмадов (Аҳмадов Маҳмадсаид Исломович, маъруф ба Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ; 10 феврали 1955, деҳаи Гулханӣ, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 14 июни 2021, Ҳисор, Тоҷикистон) — овозхони маъруф, наътсаро, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2009).
Remove ads
Зиндагинома
Маҳмадсаид Аҳмадов 10 феврали соли 1955 дар деҳаи Гулхании ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (1975). Солҳои 1975—1976 корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Данғара, 1977—1978 корманди хонаи маданияти ноҳияи Ҷиргатол, 1979—1981 корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Нуробод, 1981—1990 роҳбари бадеии хонаи маданияти хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Ҳисор кор кардааст. Аз соли 1990 то охири умр корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ва ҳамзамон овозхони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови ноҳияи Ҳисор буд.
Remove ads
Сурудаҳо
Маҳмадсаид Аҳмадов бо хондани ғазалу қиссаву ривоятҳои динӣ ва сӯфиёнаву ирфонӣ дар миёни ҳаводоронаш дар Тоҷикистон бо номи Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ бисёр маъруф буд[1].
«Ёди рӯи ту», «Хуш намеояд маро», «Табъи гуҳарбор», «Бонги ҷараст», «Азиз аст», «Суроғи кӣ будӣ?», «Зи куҷо меоӣ?», «Камони абрӯ», «Мавҷи рамида», «Шамъи дилафрӯз», «Барнамеояд», «Сорбон», «Ба тоҷик», «Таърих гувоҳ аст», «Шукрона», «Қадри нон», «Ман зи Оли Сомонам» аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд.
Remove ads
Ҷоизаҳо
Бо медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.
Даргузашт
Маҳмадсаид Аҳмадов бар асари беморӣ субҳи 14 июни соли 2021 дар зодгоҳаш дар 66-солагӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads