Онтарио
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Онтарио (англ. Ontario [ɒnˈtɛəri.oʊ]) — вилояти сераҳолитарин, воқеъ дар маркази Канада[3] ва дуюм аз рӯи масоҳат пас аз Квебек [4]. Онтарио бо вилоятҳои Манитоба — дар ғарб, Квебек — дар шарқ ва ИМА (иёлатҳои Миннесота, Мичиган, Огайо, Пенсилвания (дар баробари кӯли Эри) ва иёлати Ню-Йорк дар ҷануб ҳамсарҳад аст. Сарҳади Онтарио бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико асосан табииянд ва тариқи чор Кӯли Бузург мегузаранд. Онтарио ягона вилоятест, ки бо Кӯлҳои Бузург ҳамсарҳад аст.
Пойтахти он шаҳри Торонто, бузургтарин шаҳри Канада аст. [5]. Пойтахти Канада шаҳри Оттава, инчунин дар Онтарио ҷойгир аст. Бино ба соли 2006, Онтарио 12 160 282 сокин дошт, ки 38,5% аҳолии кишвар мебошад [6] .
Масоҳаташ 1,076,395 км² аст. Забони давлатӣ - забони англисӣ мебошад.
Ҳокимияти қонунгузори маҳаллӣ парлумон мебошад, ки бо роҳи интихоботи бевоситаи умумии шаҳрвандҳо бо системаи мажоритарӣ интихоб карда мешавад.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads