Никколо Паганини
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Никколо Паганини (1782-1840) — скрипканавоз ва композитори барҷастаи итолиёӣ.
Remove ads
Зиндагинома
Дар кӯдакӣ бо роҳбарии падараш навохтани скрипкаро омӯхт, пасон аз муаллимони беҳтарини итолиёӣ дарс гирифт. Аз 11-солагӣ намоишҳои консертиашро оғоз намуда, сафарҳои ҳунарии зиёде дар сартосари Итолиё анҷом дод. Аз соли 1927 дар Аврупо бо муваффақият намошиҳои консертӣ дода, зуд шуҳрати бузурги скрипканавози мумтозро комёб шуд. Техникаи фавқулода, ғайрати вулканӣ ба шунаванда таъсироти моту мабҳут расонида, ривоятҳои бисёри бофта дар шахсияти девмонандии Паганини ба миён овард. Фаъолияти иҷрокунандагии Паганини ҳамчун намояндаи маъруфи мусиқии романтизм дар техникаи навозиши скрипка табадулот карда, таъсирбахшӣ ва имкониятҳои виртуозии онро васеъ гардонид. Мақоми Паганини чун композитор низ бисёр калон аст.
Remove ads
Эҷодиёт
Паганини муаллифи 4 консерт барои скрипка, пиесаҳои консертӣ, 24 каприччио, силсилаи вариатсия ва ғ. мебошад. Фаъолияти Паганини дар инкишофи навозиши фортепиано низ таъсири калон расонидааст. Дар таъсири иҷроиши ӯ Шопен, Шуман, Лист ва диг. асарҳое офариданд, ки мусиқии фортепианиро хеле пуртаъсиру ғанӣ гардониданд.[7]
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads