Порлумон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Порлумон, парлумон, парламент (англ. parliament, фр. parlement, аз parler — гуфтан), маҷлис (ар. مجلس) — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори давлатҳои дорои низоми тақсимоти қудрат мебошад[1].

Дар Молдова, Гурҷистон, Белгия, Британиёи Кабир, Юнон, Итолиё, Камбоҷа, Канада, Фаронса, Чехия, Қазоқистон ва баъзе дигар кишварҳо порлумонҳо як ном доранд. Дар қонунҳои асосии Озарбойҷон (Миллий Маҷлиси), Русия(Федералное собрание)[2] , Қирғизистон (Жогорку Кенеш), Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ), Туркманистон (Милли Генгеше)[3]), Абхозистон (Народное Собрание), Украина (Верховна Рада), Белорус (Нацыянальны сход), Исроил (Кнессет), Муғулистон (Хурал), Сербия ва Черногория (Скупщина), Булғористон (Народно събрание), Мақдунияи Шимолӣ (Ассамблея), Лаҳистон, Латвия ва Литва (дар ҳар се кишвар — Сейм)), Финляндия (Эдускунта), Шветсия (Риксдаг), Олмон (Бундестаг), Арманистон (Маҷлиси Миллӣ) ва баъзеи дигар барои таъин кардани порлумонҳо номи худро ба кор мебаранд.
Порлумон як ниҳоди намояндагӣ аст, ки дар он кулли ҷамъият ва манотиқи кишвар тавассути намояндагони мунтахаб намояндагӣ мешаванд. Қоидатан кулли порлумон ё маҷлис пойинӣ (масалан дар федератсияҳо) бо интихоботи умумӣ ташкил мешавад.
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads