Пйезоэлектрик
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Пйезоэлектрикҳо — диэлектрикҳое, ки дар онҳо пйезоэффект мушоҳида мешавад, яъне онҳо дар натиҷаи фишурдашавӣ ва васеъшавӣ дар сатҳи худ заряди барқӣ ҳосил мекунанд ва ё дар натиҷаи таъсири майдони берунаи барқӣ фишурда ва васеъ мешаванд (пйезоэффекти баръакс). Пйезоэффект солҳои 1880-1881 аз тарафи бародарон Жак ва Пйер Кюри кашф гардидааст. [1]

Пьйезоэлектрикҳо дар техникаи ҳозиразамон ба сифати нишондиҳандаҳои фишор ба таври васеъ истифода мешаванд. Детонаторҳои пйезоэлектрӣ, манбаъҳои садои пуриқтидор, трансформаторҳои минётурӣ, резонаторҳои кварсӣ барои генераторҳои басомадӣ, филтрҳои пйезокерамикӣ ва ғайраҳо вуҷуд доранд, ки аз пйезоэлектрикҳо сохта мешаванд.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads