Пйезоэлектрик

From Wikipedia, the free encyclopedia

Пйезоэлектрик
Remove ads

Пйезоэлектрикҳо — диэлектрикҳое, ки дар онҳо пйезоэффект мушоҳида мешавад, яъне онҳо дар натиҷаи фишурдашавӣ ва васеъшавӣ дар сатҳи худ заряди барқӣ ҳосил мекунанд ва ё дар натиҷаи таъсири майдони берунаи барқӣ фишурда ва васеъ мешаванд (пйезоэффекти баръакс). Пйезоэффект солҳои 1880-1881 аз тарафи бародарон Жак ва Пйер Кюри кашф гардидааст. [1]

Thumb
Амплитудаи лаппиши чарх барои намоёнкунӣ хеле бисёр нишон дода шудааст. Шиддати бо волтметр ченшаванда аз ҳисоби тағйирёбии шакли геометрии пйезоэлектрик зиёд мешавад. Амплитудаи баландтарини шиддати аз пйезоэлемент гирифташаванда тахминан дар ними давраи фишурдашавии пйезоэлемент ҳосил мешавад. Пас аз фишурдашавӣ, ҳангоми васеъшавӣ, шиддати қутбнокиаш муқобил ҳосил мешавад ва ақрабаки волтметр ба тарафи манфӣ ҳаракат мекунад.

Пьйезоэлектрикҳо дар техникаи ҳозиразамон ба сифати нишондиҳандаҳои фишор ба таври васеъ истифода мешаванд. Детонаторҳои пйезоэлектрӣ, манбаъҳои садои пуриқтидор, трансформаторҳои минётурӣ, резонаторҳои кварсӣ барои генераторҳои басомадӣ, филтрҳои пйезокерамикӣ ва ғайраҳо вуҷуд доранд, ки аз пйезоэлектрикҳо сохта мешаванд.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads