Резонанс

From Wikipedia, the free encyclopedia

Резонанс
Remove ads

Резонанс (аз фр. resonance, лот. resono — акс-андоза мекунам), дар ягон контури лаппиш (электрӣ, механикӣ) ба ҳадди меҳин (максималӣ) расидани амплитудаи лаппиши маҷбурист. Ҳодисаи резонанс ҳангоми ба ҳам мувофиқ омадани басомади хоси системаи лаппанда ва басомади таъсири беруна ба амал меояд. Дар табиат ҳодисаи резонанс тез-тез мушоҳида мешавад. Онро дар техника бисёр истифода мебаранд. Бисёр иншоот ва мошинҳо лаппишҳои хосро ба вуҷуд меоранд, бинобар он таъсироти даврии беруна боиси резонанси онҳо гардиданаш мумкин аст: масалан: ҳангоми аз ҷойи пайвасташавии релси роҳи оҳан гузаштани поезд таҳти таъсири зарбаҳои даврии чархҳои он резонанси кӯпрук ва таҳти таъсири қисмҳои чархзанандаи мошинҳо резонанси асоси иншоот ё худи мошин ба амал омада метавонад.

Thumb
Таъсири резонанс
Remove ads

Адабиёт

  • Сухоруков А. П. . — Наука, 1988. — С. 230. ISBN 5-02-013842-8.

Эзоҳ

Нигаред низ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads