Сабур Сабуров
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сабур Сабуров (Сабуров Сабур Каримович; 1 январи 1965, ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон — 20 майи 2020, Душанбе ) — пизишк ва донишманди тоҷик, нозади илмҳои тиб (2004).
Remove ads
Зиндагинома
Сабуров Сабур Каримович 1 январи 1965, ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро сарбаландона ба охир расонд ва бо даъвати Модар-Ватан ба хидмати аскари рафт. Хизматро дар Шахри Москва ба анчом расонида , ба Ватан баргашт. Соли 1991 сохиби дипломи мактаби Оли шуда , ба фаъолият пардохт. Стоматолог, номзади илмҳои тиб (2004). Хатмкардаи факултаи стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (1991). Духтури Дармонгоҳи стоматологии №3 – и ш. Душанбе ва дармонгоҳи ВКД ҶТ (1991-1994), ассистент (1994-2008) мудири кафедраи стоматологияи ортопедӣ (аз с.2008) ва ҳамзамон директори Маркази таълимию клиникии «Стоматология» - и ДДТТ (аз августи соли 2009). Оид ба беҳдошти ҷавфи даҳон ҳангоми бемории пародонт дар байни аҳолии калонсол тадқиқот бурда буд. Дар мавзӯи «Аҳамияти ташхисӣ ва пешгӯии бечҳдошти ҷавфи даҳон дар пешгирии бемории пародонт» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 30 мақола, 40 тезис ва 4 корҳои таълимию методӣ. Узви раёсати Ассотсиатсияи стоматологҳои ҶТ, узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Стоматология Таджикистана» (аз с.2006). Дар ташкил ва гузаронидани Съездҳои I ва II - и стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзидааст.[1]
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads