Талбак Назаров

From Wikipedia, the free encyclopedia

Талбак Назаров
Remove ads

Талбак Назарович Назаров (15 марти соли 1938, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ (1975), профессор (1976), академики Академияи илмҳои ҶТ (1991), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1991), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003)

Quick facts Талбак Назаров, 4-умин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ...
Remove ads

Зиндагинома

Донишкадаи молия ва иқтисоди Ленинград ба номи Н. Л. Вознесенскийро соли (1960), (инчунин аспирантура (1965) ва докторантураи (1975) — ДМИЛ) хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун муаллими калон (1960—1972)сар карда, ба ҳайси мудири кафедраи молия ва қарз, ҷонишини декан, проректори шуъбаи шабона, декани факултети иқтисодии ДДТ (1976—1982), ректори ДДТ (1982—1988) кор кардааст. Ӯ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (вазифаи ҷамъиятӣ 1986—1988), вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1988—1990), ҷонишини аввали раиси Шӯрои вазирон — раиси Кумитаи давлатии тарҳрезии ҶШС Тоҷикистон (1990—1991), ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ (1991—1994), вазири корҳои хориҷии ҶТ (1994—2006), узви Раёсати Академияи илмҳои ҶТ (1991 — то имрӯз), вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980—1990) ва вакили халқии ИҶШС (1991—1992) буд. Ба ҳайси Раиси Шӯрои ректорони мактабҳои олии ҶШС Тоҷикистон ва узви Кумитаи давлатии маорифи халқи ИҶШС (1982—1988) фаъолият бурдааст. Ӯ инчунин, раиси ҳайати Ҳукумати ҶТ дар гуфтушуниди байни тоҷикон (1996—1997) барои хотима додани Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолият намудааст ва барои дарёфти оштии миллӣ ва сулҳ дар Тоҷикистон саҳми хешро гузоштааст.

Remove ads

Фаъолияти илмӣ

Талбак Назаров муаллифи зиёда аз 100 рисолаю маколаҳои илмӣ оид ба илми иктисодиёт мебошад. Таълифоти ӯ дар соҳаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон:

  • Сиёсати мо сиёсати ошкорост (1996),
  • Сиёсати мо созанда аст (1996),
  • Тоҷикистон ва мақоми он дар ҷомеаи байналмилалӣ (1997),
  • Тоҷикистон: иктисод, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (2001),
  • Тоҷикистон:ҳамкориҳои иктисодӣ ва амният (2003),
  • Тоҷикистон: рушди иктисодӣ ҳамоиш ва ҳамкориҳои минтакавӣ (2004),
  • Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Абдунабӣ Сатторзода)
  • Ислоҳоти иктисодӣ, ҳамкориҳо ва амният (2013).
Remove ads

Эзоҳ

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads