Тилло

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Тилло (Au аз лот. Aurum), зар — унсури гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д. И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло — метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

79
Тилло
196,967
4f145d106s1
Remove ads

Таърих

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо муҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои бостоншиносӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, боигарӣ ва чун пул хидмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (соли 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10−7%-ро ташкил мекунад.

Бостоншиносон дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 бостоншиноси инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав — ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд.

Дар давраи кашфиётҳои географӣ (соли 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортес ба Амрико роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар туҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ — бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (асри XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сикка сохта ба Аврупо бурданд.

Ҳоло дар пойтахти Колумбия шаҳри Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шуъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, муҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тилоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд.

Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Куруши II огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тилkоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад.

Дар асри XVII тангаҳои тилkоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд.

Тилло — металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 — 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш — 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тилkоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76 % тилло, электроника 9 %, стоматология 3 %, сиқкакунии тангаҳо 4 % ва дигар соҳаҳои 8 %, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тилkоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тилоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads