Умринисо Казакова
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Умриниссо Санговна Казакова – олим, филолог, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ (2007), профессор (2011), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007).
Remove ads
Зиндагинома
Умриниссо Санговна Казакова 30 июни соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
- 1971 – 1975 — Донишҷӯйи ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе, факултаи таъриху филология, шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик;
- 1975 – 1979 — Библиографи калон дар «Палатаи китобҳо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- 1979 – 1983 — Лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ;
- 1983 – 1986 — Аспиранти рӯзонаи ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе;
- 1986 – 1992 — Ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи тоҷики ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе;
- 1992 – 1996 — Муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
- 1994 — Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои ғоявӣ ва бадеии ғазалиёти Салмони Соваҷӣ»;
- 1996 – 1997 — Мудири лабораторияи тадқиқотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
- 1997 – 2000 — Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
- 2000 – 2010 — Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
- Аз соли 2003 — Муовини раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон;
- 2006 — Ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Қасида ва суннатҳои он дар шеъри асрҳои XIII-XIV»;
- 2007 — Аълочии маорифи Тоҷикистон;
- 2009 — Корманди шоистаи Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2010 - 2015 ва 2015 – 2020 — вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Умринисо Казакова узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Аз 28 августи соли 2010 то соли 2021 дар вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Душанбе кор мекард. Айни ҳол ӯ Раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомониро ба уҳда дорад. [1]
Remove ads
Фаъолияти илмӣ
Ӯ муаллифи зиёда аз 100 таҳқиқот доир ба масоили таърихи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикии давраи асрҳои миёна мебошад. Ҳамчунин У. Казакова мутахассиси тадқиқи таърихи адабиёти классикии Эрон ва муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ мебошад. Асару мақолаҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, русӣ, дарӣ дар Афғонистону Эрон таълиф шудаанд. Ӯ иштирокдори кунгураву конфронсҳои гуногун дар Теҳрон, Кобул ва давлатҳои СНГ буд.
Remove ads
Осор
- Салмони Соваҷӣ ва ҷаҳони шоирии ӯ. - Душанбе,2021. 169 с.
- Касыда и её традиции в персидско-таджикской поэзии XIII-XIV веков: диссертация ... доктора филологических наук: 10.01.03, Душанбе, 2006 [2]
Ҷоизаҳо
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2007),
- Корманди шоистаи Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009)
Нигаред низ
- «ҲАМЕША БО ҶОМЕА БУДАМ» Умринисо Казакова (tj). www.bonuvon.tj (2021). 28 ноябри 2023 санҷида шуд.
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads