Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон[1] — феҳристест барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, инвентаризатсияи унсурҳо, таҳқиқоти илмӣ, таҳияи номинатсияҳо ҷиҳати пешниҳод кардан ба рӯйхатҳои ЮНЕСКО, таблиғу густариши намунаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ[2].

Таърих

Соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ шуд ва то ба имрӯз мамлакатҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон, тибқи дастури ин Конвенсия (қисми 3, моддаи 12) феҳристҳои миллии кишварҳои худро тартибу таҳия кардаанд. Яке аз талаботи номинатсияҳои ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пеш аз ҳама ба қайд гирифтани ин ё он унсури фарҳангӣ дар феҳристи миллӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи аввалини «Феҳристи миллии 3 мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» соли 2013 тартиб дода шуд, ки он 48 унсурро дар бар мегирифт. Яке аз шартҳои феҳристсозӣ, мутобиқи Конвенсияи мазкур, дар ин аст, ки феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад. Соли 2014 нусхаи нисбатан васеътари он аз ҷониби фарҳангшиносон, мардумшиносон ва дигар мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) тартиб дода шуд. Он фарогири 286 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик буда, сохтори феҳристи такмилёфта низ аз феҳристи нахустин фарқ мекард. Пас аз ду сол (2016) «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» боз танзиму такмил шуд, ки аз 515 унсури фарҳанги маънавии тоҷик иборат буд. Соли 2018 бори чорум феҳрист мавриди такмилу таҷдид қарор гирифт, чунончи, унсурҳое, ки мазмунан як буда, бо ду ном сабт гашта буданд, пас аз таҳқиқот аз он хориҷ шуданд, ба Феҳрист унсурҳои нав илова гаштанд, ки дар маҷмуъ шумораи онҳо ба 533 адад расид. Дар таҳриру таҷдиди соли 2020 миқдори унсурҳои феҳрист, дар асоси маводи нав ва инвентаризатсияҳо 538 шуд. Ҳамчунин чанде аз унсурҳоро, ки дигар фаъол нестанд, аз феҳрист берун карда, ба ҷойи онҳо унсурҳои нави ба қайд гирифташуда ворид шуданд. Такмил дар асоси маводи инвентаризатсионии ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ гирдоваришуда сурат гирифтааст. Аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» бо сарвари Қурбон Аламшоев якчанд унсур инвентаризатсия шуда, барои ворид кардан ба коршиносони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот пешниҳод шуд, ки онҳо низ пас аз баррсиҳо ба феҳрист дохил карда шуданд. Дар такмили соли 2020 ба феҳрист, тибқи омӯзиши таҷрибаҳои кишварҳои дигар, як бахши нав илова шуд, ки он «Муҳитҳои фарҳангӣ» ном дошта, донишу таҷрибаҳои иҷтимоию фарҳангии мардумро оид ба ин ё он муҳит дар бар мегирад ва барои рушди унсурҳои муайяни МФҒ замина ба вуҷуд меорад.

Қаблан феҳрист ду сол пас такмилу таҷдид мешуд. Аз соли 2023 мутобиқи зарурат ва дархости олимони соҳа Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот қарор қабул кард, ки минбаъд он дар се сол як маротиба таҷдид шавад. Дар такмили навбатӣ ба феҳрист як бахши нав бо номи «Донишу таҷрибаҳои беҳтарин барои ҳифзи МФҒ» илова шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиру чорабиниҳои гуногун амал мекунанд, ки барои ҳифз ва идомаи фаъолияти мероси фарҳанги ғайримоддӣ равона шудаанд. Чунончи, Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» шуруъ аз соли 1996 то имрӯз дар ҳифзу эҳё ва такомули унсурҳои фарҳанги мардум нақши сазовор дорад. Тибқи низомномаи «Андалеб» фаъолияти ҳунармандон аз сатҳи маҳаллӣ — ҷамоати деҳоту ноҳияҳо оғоз шуда, баъдан дар марҳилаи минтақавӣ ва ниҳоят дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ идома меёбад.

Дар мукаммал намудани феҳрист аз соли 2014 то кунун мутахассисон аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ («Кӯҳҳои Помир», Маркази Рушди эҷодӣ, ТҶ «Равшан», ИҶК «Деҳаи мо») ва муассисаҳои илмию фарҳангӣ ширкат намуда, он аввал дар маҷлиси гурӯҳи корӣ, сипас дар ҷаласаи Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот бо иштироки олимон, аҳли фарҳанг, намояндаҳои касбу ҳунарҳои гуногун баррасӣ гашта, баъзе эроду пешниҳодҳо ба назар гирифта шудаанд.

Remove ads

Феҳристи такмилшуда

Феҳристи такмилшудаи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз бахшҳои зерин иборат мебошад[1]:

  • Бахши 1. Анъанаи шифоҳӣ — А000 (29 унсур).
  • Бахши 2. Санъати иҷроӣ — B000 (106 унсур).
  • Бахши 3. Ҷашну маросим ва урфу одатҳо — C000 (55 унсур).
  • Бахши 4. Дониш ва таҷрибаҳои марбут ба табиат ва кайҳон — D000 (22 унсур).
  • Бахши 5. Касбу ҳунарҳои суннатӣ — E000 (112 унсур).
  • Бахши 6. Хӯрокҳои анъанавӣ — F000 (151 унсур).
  • Бахши 7. Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона — G000 (72 унсур).
  • Бахши 8. Муҳитҳои фарҳангӣ — Н000 (6 унсур).
  • Бахши 9. Тадбирҳои босамар барои ҳифзи МФҒ — I000 (3 унсур)
Remove ads

Сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт гаштани намунаҳои беҳтарини мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон яке аз самтҳои фаъолияти сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Акнун аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар феҳристи мазкур то имрӯз 12 унсури фарҳанги миллӣ сабт шудаанд, инҳо номинатсияҳои «Шашмақом» (2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Узбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон»[3] (2016), номинатсияи муштараки «Наврӯз» (2016, аз ҷониби 12 кишвар: Афғонистон, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Ҳиндустон)[1], «Чакан — ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[4] (2018), мусиқии суннатии «Фалак»[5] (2021), «Анъанаҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим барои матоъбофӣ» (2022, муштарак бо ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва «Суннати латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ» (2022, муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон), «Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас» (2023), «Ҷашни Сада» (2023, муштарак бо Эрон) ва «Тазҳиб — санъати зарҳалкорӣ» (2023, муштарак бо кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Узбекистон), «Санъати сохту навохтани рубоб»[6] (2024, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон) ва «Ҷашни Меҳргон»[7] (2024, ҳамроҳ бо Эрон) мебошанд.

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads