ЮНЕСКО
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
ЮНЕСКО (англ. UNESCO), Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид; Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (англ. United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization[4]) — як созмони тахассусии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳадафи кумак ба «эҷоди сулҳ, решакан кардани фақр, тавсеъаи пойдор ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ аз тариқи омӯзиш, улум, фарҳанг, иртиботот ва иттилоот» ба вуҷуд омадааст[5][6] ва ҷонишини Кумитаи байнулмилалии ҳамкории андешамандонаи Ҷомеъаи Милал аст[7].

Remove ads
Таърих
Низомномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул карда шудааст. Он фаъолияти худро баъд аз ба нигоҳдорӣ супоридани санадҳо аз тарафи 20 давлат, ноябри соли 1946 оғоз намуд. Дар айни замон аъзои ин ташкилот аз 193 давлат иборат аст. ЮНЕСКО — ташкилотест, ки дар низомаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардида, барои кори сулҳ ва паст кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ҳамкориро байни халқҳо бо воситаи илм, маориф ва фарҳанг пеш мебарад. Сардафтари ЮНЕСКО аз 5 ноябри соли 1958 дар шаҳри Порис (Фаронса) ҷойгир шудааст. Дар уҳдаи он 67 бюро ва зерсохтор, ки дар бисёр қисми ҷаҳони ҷойгир шудааст, вуҷуд дорад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳадафи худ ЮНЕСКО 5 вазифаи асосиро иҷро менамояд, аз ҷумла:
- озмоишгоҳи ақидаҳо
- коркарди меъёрҳои байналмилалӣ
- манбаи ахборотӣ
- баланд бардоштани иқтидори кадрии давлатҳои аъзо
- ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳайати ЮНЕСКО аз се қисм иборат аст:
- Конференсияи Генералии давлатҳои аъзо, ки мақомоти олии идоракунандаи ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад ва одатан дар ду сол як маротиба ҷамъ мешаванд. Мувофиқи қоидаи Конференсияи Генералӣ ҳар як давлатҳои аъзо соҳиби як овоз мебошанд, барнома ва буҷаи ташкилотро Конференсияи Генералӣ тасдиқ менамояд.
- Шӯрои иҷрокунанда дар ҳайати худ 58 намояндаи давлатҳои аъзоро дорад, ки ҷаласаи онҳо дар як сол ду маротиба баргузор мегардад. Он ба сифати мақомоти маъмурӣ баромад карда ҷиҳати тайёрии кори Конфронсияи Генералӣ фаъолият менамояд.
- Котибот мақомоти иҷрокунандаи ташкилот ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии Дабири Кулл, ки ба мўҳлати 6-сол интихоб мешавад, котибот баҳри татбиқи барномаҳое, ки аз тарафи давлатҳои аъзо қабул карда шудааст машғул мебошад. Даҳумин Дабири Кулли ЮНЕСКО дар таърихи Созмон ин Ирина Бокова мебошад, ки моҳи октябри соли 2009 ба ин вазифа интихоб карда шуд.[8]
Remove ads
Кишварҳои узви ЮНЕСКО
Эзоҳ ба ҷадвал:
Remove ads
ЮНЕСКО дар Тоҷикистон
Мақолаи асосӣ: Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд.
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads