Франсуа Олланд
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Франсуа Жерар Жорж Николя Олланд (фр. François Gérard Georges Nicolas Hollande; тав. 12 августи 1954, Руан, Фаронса) — арбоби давлатӣ ва сиёсии Фаронса, аз 15 майи соли 2012 то 14 майи 2017 Президенти Ҷумҳурии Фаронса буд. Ғолиби интихоботи президентии соли 2012 аз Ҳизби сотсиалистии Фаронса. Дар даври аввал ӯ 28,63 дарсади овозҳро ба даст оварда, ҷои аввалро касб кард ва бо Николя Саркозӣ ба даври дуюм роҳ ёфт. Франсуа Олланд дар даври дуюм пирӯз шуд. 15 майи соли 2012 ӯ дар Қасри Елисей савганд ёд кард ва ҳамин тавр 24-умин президенти Фаронса ва ба таври худкор президенти 7-уми Ҷумҳурии Панҷуми Фаронса ва 66-умин Ҳокими Андорра гардид. Олланд баъд аз Франсуа Миттеран дуюмин президент аз ҳизби сотсиалистии Фаронса аст. Вай аввалин президенти Фаронса аз соли 1920 (пас аз Пол Дешанел) аст, ки то интихоб шуданаш ҳеч вақт вазифаи вазириро ишғол накардааст.
Remove ads
Нигаред низ
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads