Хазинаи байналмилалии асъор
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Хазинаи байналмилалии асъор, (ХБА) (англ. International Monetary Fund, IMF) — созмони байналмилалӣ, ки бар иҷрои сомонаи пули байналмилалӣ назорат дорад. Хазинаи байналмилалии асъор, яке аз мӯътабартарин манобеъи арзёбӣ ва пешбинии вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Тарҳи бунёдгузории хазинаи асъор дар Конфронси Бреттун-Вудз дар июли 1944, ки сохтори иқтисодии ҷаҳон пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт ба вуҷуд омад ва дар 27 декабри 1945 ба кор оғоз кард[3]. Ҳадаф аз ташкили хазина иборат аст аз:
- густариши ҳамкориҳои пули байналмилалӣ ва тасҳили рушди мутавозини тиҷорати байналмилал;
- эҷоди сомонаи босуботи арзӣ байни аъзо ва парҳез аз рақобат дар коҳиши нархи арзҳо;
- таҳияи манобеъи лозим аз тариқи манобеъи умумии хазина, ба манзури кумак ба кишварҳои узви дорои касри тарози пардохтҳо.
Remove ads
Аъзоёни ХБА
Хазинаи байналмилалии асъор — 190 аъзо дорад (189 узви СММ + Ҷумҳурии Косово)[4][5]
Ба аъзои собиқ Куба, ки соли 1964 аз ХБА хориҷ шуд[6] ва Ҷумҳурии Чин (Тайван), ки дар соли 1980 пас аз маҳрум шудан аз пуштибонии президенти вақти ИМА Ҷимми Картер дар СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин иваз карда шуд.[7] Илова ба Куба, шаш кишвари дигари узви СММ узви ХБА нестанд: Кореяи Шимолӣ, Андорра, Монако, Лихтенштейн, Науру ва Судони Ҷанубӣ. Ҷазираҳои Кук, Ниуэ, Вотикон ва дигар давлатҳои эътирофашон маҳдуд низ узви ХБА нестанд.
Ҳама давлатҳои аъзо бевосита дар ХБА иштирок мекунанд. Кишварҳои узвро 24 узви Шӯрои директорон намояндагӣ мекунанд (панҷ директори иҷроия аз ҷониби панҷ аъзо бо квотаҳои калон таъин карда мешаванд, нуздаҳ директори иҷроияи боқимонда аз ҷониби дигар аъзоён интихоб мешаванд) ва ҳамаи аъзоён Директори иҷроияро Шӯрои мудирони ХБА таъин мекунанд.Хазинаи байналмилалии асъор, зери назари Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Милали Муттаҳид кор мекунад. Аммо дар асл, созмон мустақил аст ва ин робита, бештар, ташрифотӣ аст. Мудирияти Хазинаи байналмилалии асъор аз сентябри 2019 бар уҳдаи Кристалина Георгиева аст.
Нуфузи кишварҳои дигар дар дохили созмон аз рӯи шумораи аҳолӣ ва рейтинги иқтисодии онҳо дар ҷаҳон ташаккул меёбад.
Remove ads
Дахолати асъории ХБА
- 1994: Мексика; Бӯҳрони иқтисодӣ дар Мексика — 18 миллиард доллар.
- 1997: Осиё; Бӯҳрони молиявии Осиё — 36 миллиард доллар.
- 1998: Федератсияи Русия; Дефолти Русия дар соли 1998 — 22,6 миллиард доллар.
- 1998: Бразилия; — 41,5 миллиард доллар.
- 2000: Туркия; — 11 миллиард доллар.
- 2001: Аргентина; Бӯҳрони иқтисодии Аргентина — 21,6 миллиард доллар.
- 2010: Юнон; Бӯҳрони қарзии Юнон — 139,73 миллиард доллар.
- 2011: Португалия; Бӯҳрони молиявӣ дар Португалия — 99,08 миллиард доллар.
- 2018: Аргентина; — 57,1 миллиард доллар.
Remove ads
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads