Чашмаи Элок

From Wikipedia, the free encyclopedia

Чашмаи Элок
Remove ads

Чашмаи Элок — чашма дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Қалаидашти ноҳияи Файзобод. Обаш ҳамеша сард ва софу зулол мебошад.

Thumb
Бинои пурнақшунигор бар рӯйи Чашмаи Элок
Thumb
Обшори Чашмаи Элок

Таърих

Соли 1976 бо ташаббуси директори ҳамонвақтаи совхоз С. Ғиёсов ва ёрию дастгирии сокинони маҳал дар болои чашма аз тарафи устоҳои чӯбкори исфарагӣ А. Сироҷов, X. Ахмедов, К. Холиқов бинои зебои пурнақшунигор сохта шуд. Ба муносибати ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 80-солагии ноҳияи Файзобод бинои чашма аз нав таъмир карда шуд. Ин мавзеъ макони пазироии меҳмонон гаштааст. Сокини деҳаи Элок Акбар Раҳимзода дар васфи ин чашма гуфтааст:

Биё ин ҷо бинӯш оби зулоли чашмасорашро,
Тамошо кун бинову манзару нақшу нигорашро.
Ба сони гулшану боғу чаман зиннатфизо бошад.
Диёри сайргоҳи бехазон, фасли бахорашро.

Remove ads

Чашмаи Элок дар филмҳо

Thumb
Чашмаи Элок дар телефилми «Завқи ҷавонӣ», 1983.

Чашмаи Элок дар замони шӯравӣ дар навори сурудхонии бархе аз овозхонони тоҷик ва чанде аз филмҳо сабт шудааст. Баъзе саҳнаҳои филми телевизиюнии «Завқи ҷавонӣ» (1983) дар ҳамин Чашмаи Элок ба навор гирифта шудааст. Дар филм намои Чашмаи Элок, тарбузҳои даруни об, рақси Саида Файзалиева, ҷамъи меҳмонон бараъло намуддор аст[1].

Нигаред низ

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads