Элок (дарё)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Элок — дарё дар ноҳияи Файзобод, калонтарин шохоби чапи дарёи Кофарниҳон[1].
Аз ҳудуди ноҳияи Файзобод, ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷорист. Тули дарё 97 км буда[1], масоҳати ҳавзааш 829 км²[1]. Дарё аз Элоки Боло (Умбара) сарчашма мегирад ва дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳи Қаротегину Сурхкӯҳ ва поёнобаш аз водии Ҳисор мегузарад. Манбаи дарё обҳои зеризаминӣ ва барфу борон мебошад. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об 0,5 м³/с[1]. Дар дарёи Элок ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дар болообаш гулмоҳӣ ҳаст. Оби Элок барои обёрии заминҳо ва аз об таъмин кардани аҳолӣ истифода мешавад.
Remove ads
Эзоҳ
Пайвандҳо
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads