Че Гевара
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Эрне́сто Че Гева́ра (исп. Ernesto Che Guevara [ˈtʃe ɣeˈβaɾa], номи пурра — Эрне́сто Гева́ра, исп. Ernesto Guevara; 14 июни 1928, Росарио, Аргентина — 9 октябри 1967, Ла-Игера, Боливия)[8][9] — роҳбари ҳаракати инқилобӣ дар Амрикои Лотинӣ, ходими низомӣ ва давлатии Куба, яке аз роҳбарони инқилоби соли 1959 дар Куба.
Remove ads
Шарҳи ҳол
Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Буэнос-Айрес (1953). Соли 1954 дар ҳаракати ҳимояи ҳукумати инқилобии Гватемала аз таҷовузи ИМА иштирок дошт. Пас аз шикаст хӯрдани инқилоби Гватемала ба Мексика омада, баъди наздик шудан бо роҳбари инқилобчиёни Куба – Фидел Кастро Рус соли 1956 бо дастаи инқилобчиён ба Куба рафт. Соли 1957 фармондеҳи дастаи партизанҳо таъйин гардида, дар чанд муҳориба бо артиши диктатор Ф. Батиста ғолиб гардид. Декабри 1958 дар муҳорибаи шаҳри Санта-Клара ғолиб омада, 2.1.1959 бо дастаи худ вориди Гавана шуд ва дар пирӯзии инқилоби Куба саҳм гузошт. Баъдан дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ дар Куба кор кардааст: сардори Раёсати рушди саноат (1959), президенти Бонки миллӣ (1959–61), вазири саноат (1961–65) ва амсоли инҳо. Че Гевара мардумро барои мубориза бар зидди империализм ва беадолатии ҳукуматдорон даъват мекард. Соли 1965 Кубаро тарк карда, барои иштирок дар муборизаи инқилобӣ ба Конго рафт. Пас аз шикаст (соли 1966) ба Боливия рафта, роҳбари дастаи партизаниҳои инқилоб (Артиши озодии миллии Боливия) шуд. Соли 1967 дар ҷанг бо қувваҳои давлатии Боливия шикаст хӯрда, асир афтод ва баъдан кушта шуд. Соли 1997 ҷасади Че Гевараро аз Боливия ба Куба оварда, дар шаҳри Санта-Клара ба хок супурданд. Номи Че Гевара рамзи муборизаи инқилобӣ ва фидокорӣ дар баъзе кишварҳои олам гардидааст.
Remove ads
Осор
- Эпизоды революционной войны. Воспоминания. М., 1974;
- Я – конкистадор свободы. М., 2000; Статьи, вступления, письма. М., 2006.
Эзоҳ
Адабиёт
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads