Саргурд

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Саргурд (форсӣ: سرگرد) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарвон ва пойинтар аз сарҳангёр дорад ва баробар бо новхудо севум дар нерӯи дарёӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарвон

Саргурд
Дараҷаи болотар:
Сарҳангёр
Quick facts Саргурд, Кӯтаҳнивишт ...

Мақоми созмонии саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи гурдон (баталион[3][4]) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз як ситоди фармондеҳӣ ва ду ё чанд вашт ва ягонҳои хурдтар ташкил мешавад ва бахше аз ҳанг ё гунд ва ё ягоне мустақил аст[5].

Remove ads

Вожашиносӣ

«Саргурд» (форсӣ: «سرگرد») аз дер боз ба маънои «фармондеҳи дастае аз лашкар» ба кор меравад[6][7][8] ва аз ду вожа сохта шудааст:

сар + гурд (аз форсӣ: «گرد» «паҳлавон, далер; ҷанговар»[7][8] < порсии миёна: gurd[9] < эронии бостон: vr̥ta- аз √*vr̥t- : *vart-муҳофизат кардан; поидан; муқовимат кардан[10]).

Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + сифат (гурд)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурдон» ба маънии «сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[11].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҷойгузини дараҷаи низомии «майор» (аз фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») кард[12].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «майор» (русӣ аз олмонӣ: Major < фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод шудаанд[13].

Remove ads

Пешина

Quick facts Сипоҳи Сосониён, Ягонҳо ...

Ягони размии баробар бо гурдон нахустин бор дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) ташкил шудааст. Дар замони Сосониён сипоҳ (порсии миёна: spāh) аз чанд гунд (порсии миёна: gund)[14] ташкил мешуда, ки 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд[15]. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт ва камобеш баробар бо гурдон дар артишҳои кунунӣ буд. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm)[16] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag)[17] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār)[15], фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār)[15], сардори таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār)[18] ва сардори рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд[19]. Баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) номида мешуд[20][21].

Саргурд ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон[22] ва баробар бо майор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[23].

Remove ads

Ному нишони саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳи бархе аз кишварҳо

Пайвандҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads