Чойхона

From Wikipedia, the free encyclopedia

Чойхона
Remove ads

Чойхона — ин ҷоест, ки дар онҷо одамон чой менӯшанд. Дар чойхонаҳои замонавӣ ба ғайр аз чойнӯшӣ боз ҳӯрокҳои гарм, одатан оши паловро пешкаш мекунанд. Чойхона воқеан дар шаҳрҳои куҳан ва деҳу деҳаҳои мамолики Шарқ як мактаби бузурги одаму одамгарист. Он ҷо аслан гули сари сабади ҷомеа ва мардони гапдону гапхон ҷамъ меоянд ва дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ намуда, ба онҳо дарси одобу ахлоқ меомӯзанд. Шоҳмот, ва шашка мебозанд. Мусиқии ороми миллӣ мешунаванд. Чойхона як мактаби бузурги илм, фарҳанг, сиёсат ва таъриху тамаддун аст. Ҷое, ки дар он ҷо тамаддун поя гузошта мешавад ва ин ҷо на минбарҳои баланд аст, балки ҳамин гуна ҷойҳои одӣ аст, ки тамаддунҳо аст ва он тамаддун дар асоси тамаддуни бостон ба вуҷуд омада, бо чойхона барин ҷойҳои умум решапайванд мегардад.

Thumb
Чойхонаи Роҳат дар Душанбе
Thumb
Чойхонаи Азизо дар Хуҷанд
Thumb
Чойхона дар Исфара
Remove ads

Фарҳанги чойхонанишинӣ

Доштан ва будани чойхона дар шаҳрҳои шарқӣ ҳам боиси ифтихори шаҳрдорӣ ва ҳам боиси ифтихори шаҳрвандон аст. Ва дар чойхона шиштан низ маданият аст. Он ҷо чун чой суҳбат гарму доғ аст ва ҳар нафаре, ки вориди ин манзил мегардад, доғи суҳбати мусоҳибе аст, ки интихоб намудааст. Дар чойхона ҳар кас дар кати худ менишинад ва ҳамон туре суҳбат менамояд, ки кати ҳамсоя аз суҳбати онон хабар наёбад ва ҳатто ҳангоми хандидан эътидолро нигоҳ медоранд. Ин ҳолатро дар аксари шаҳрҳои қадима, ки маданияти хоси шаҳрнишинӣ доранд, дидан мумкин аст. Дигар раванде, ки дар ин гуна ҷойҳо ба назар мерасад, ин ҳамоно ба тарзи оҷил назди муштарӣ чой ва пиёлаи нишоллою нони гарм оварда, меҳмонро муроот кардан аст.[1]

Remove ads

Чойхонанишинӣ дар Тоҷикистон

Чойхона воқеан дар шаҳрҳои куҳан ва деҳу деҳкадаҳои мо як мактаби бузурги одаму одамгарист. Он ҷо аслан гули сари сабади ҷомеа ва мардони гапдону гапхон ҷамъ меоянд ва дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ намуда, ба онҳо дарси одобу ахлоқ меомӯзанд. Шоҳмот, ва шашка мебозанд. Мусиқии ороми миллӣ мешунаванд.

Чойхона як мактаби бузурги илм, фарҳанг, сиёсат ва ториху тамаддун аст

. Ҷое, ки дар он ҷо тамаддун поя гузошта мешавад ва ин ҷо на минбарҳои баланд аст, балки ҳамин гуна ҷойҳои одӣ аст, ки тамаддунзо аст ва он тамаддун дар асоси тамаддуни бостон ба вуҷуд омада, бо чойхона барин ҷойҳои умум решапайванд мегардад. Аз ин рӯ, чойхона ва мавқеи онро эмиссарҳои рус хеле хуб омӯхта, аввалин коре, ки пас аз инқилоби октябр намуданд, ин ташкили «чойхонаҳои сурх» дар шаҳру шаҳристон ва деҳу деҳкадаҳо буд, ки «ҳосил»-и хуб низ барои онон ва тарафдоронашон дод.

Дар ҳамин радиф дар Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Исфара, Конибодом, Панҷакент чойхонаҳое амал менамоянд (Чойхонаи Исфара дар Кӯлоб, Чойхонаи Мавҷ дар Конибодом, Чойхонаи Сино дар Исфара, Чойхонаи Ориён дар Исфара, Чойхонаи Ором дар Исфара), ки шуморо танҳо аз асбоби зарурӣ, мисли: таҳдегӣ, дег, табақ, коса, ҳезум таъмин менамоянд ва шумо танҳо пули ин асбобҳо ва ҷои шиштро пардохт менамоед ва дар чунин чойхонаҳо бо дӯстатон ё дӯстонатон нишаста, худ хӯрок омода менамоед ва аз суҳбати якдигар баҳра мебардоред. Мақсад аз будани ин гуна ҷой танҳо чойнӯшӣ нест, ин корро дар хона низ кардан мумкин аст, лекин дар хона он фароғате, ки дар чойхона менамоед, ёфта наметавонед ва он гапу сухане, ки бо ёру дӯст дар ин гуна маҳфилҳо мегӯед, гуфта наметавонед. Пас, будани ин гуна ҷойҳо як рукни шаҳрдорист ва хоси мардуми тоҷик аст.[1]

Thumb
Чойнику пиёла

Шарқи мусалмонӣ, бахусус мардуми Осиёи Марказӣ аз аҳди бостону миёна, то асри гузашта, ки чанде пеш паси сар гашта, барои бархе аз худ танҳо ёдҳои хуш гузошта, барои баъзеҳо хотироти мағшуш монда, бо доштани корвонсаро, меҳмонҳонаҳо, қаҳвахонаву чойхонаҳо ва дар садаи бист ба ин рукнҳои қадима тарабхонаҳо илова гашт ва вуруд ба зиндагии мардуми бумӣ намуд. Аммо дар ин раванд на корвонсаро, на меҳмонҳона, на қаҳвахона дар тамаддуни тоҷикони шаҳр ва шаҳракҳои пасошӯравӣ чун чойхона мавқеъ пайдо накард. Ҳатто ин макон дар деҳот замони шӯроҳо ва давлатдории онҳо ҷои масҷидҳоро гирифт ва дар ҳамин радиф «чойхонаҳои сурх» пайдо гашт, ки ба ғайр аз суҳбату чойнӯшӣ мӯйсафедон ва аҳли тавоф дар ин ҷо намоз низ мегузоштанд. Пас, замоне ин манзил ҷои масҷидҳои аз ҷониби шӯроҳо басташударо гирифта будааст. Ҳамзамон, чойхона ба ҷуз он ки як рукни миллати тоҷик буд ва ҳаст, дар шаҳрҳои куҳан то ҳанӯз мавқеи худро аз даст надода, ҷои нишаст ва суҳбат ба ҳисоб меравад.[1]

Remove ads

Чойхонаҳои машҳури Тоҷикистон

More information Шаҳр, Чойхонаҳо ...

Нигаред

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads