Шероз

From Wikipedia, the free encyclopedia

Шерозmap
Remove ads

Шероз (порсӣ: شیراز ) — шаҳр дар ҷануби Эрон ҷой гирифта, маркази маъмурии Устони Форс мебошад. Аз ҷиҳати аҳолӣ, дар ҷойи 6-ум дар байни шаҳрҳои Эрон қарор дорад, ва аҳолиаш ба ҳисоби соли 2011 1 460 665 нафар расидааст. Шероз дар водии дарёи Хушк дар кӯҳсори Загрос дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар қисми ғарбии шаҳр кӯҳи Дерак, дар қисми шимолиаш бошад кӯҳҳои Баму, Сабзпушон, Чехел Магам ва Бобокӯҳӣ қарор гирифтаанд. Шаҳр ва гирду атрофи он, аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба 9 ноҳия тақсим мешавад. Масоҳати умумиашон 1286 км²-ро ташкил медиҳад.

Quick Facts Шероз, Кишвар ...

Бори нахуст, дар дастхатҳои хаттии таърихӣ, шаҳри Шероз ҳамчун (Тиразис) ёдовард шудааст, ки ин ба аввали ҳазораи дувуми пеш аз милод рост меояд. 60 км дуртар аз Шероз, харобаҳои пойтахти бостонии давлати Шоҳаншоҳии ҲахоманишиёнПересепол. Шероз дар солҳои 1750—1794 пойтахти Эрон дар вақти ҳукмронии Саффориён Буиҳо ва Зандҳо ба шумор мерафт.

Шероз ҳамчун шаҳри шоирон, гул ва май машҳӯр аст. Чунин шоирони барҷаста: Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд. То инқилоби соли 1979 — маркази бузурги истеҳсоли май буд. Айни замон — маркази коркарди нафт ва маҳсулоти электронӣ мебошад, ин чунин, сайёҳӣ (туризмъ. Шероз бо иқлими фурӯтанӣ ва бо фаровонии кӯчаҳои кабудизор карда машҳӯр аст.

Remove ads

Осорхонаҳо

  • осорхонаи Форс — коллексияи асарҳои санъат ва пешаҳои бостонӣ.
  • осорхонаи Матбуоти Эрон — сарахбори бузурги сулолаи Занд.
  • осорхонаи Нареҷистон-Гавам — комёбиҳои археологӣ.
  • осорхонаи Пара — муқаддасоти сулолаи Занд.
  • осорхонаи ҳарбӣ
  • боғи Афиф-Обод, ё боғи Гулистон
  • осорхонаи Анатомия
  • осорхонаи Таърихи табиат дар Донишгоҳи Шероз
  • осорхонаи Ҳафт-Танан — таърихи сулолаи Занд.
Remove ads

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

Ҷойҳои асосии шоёни диққат
  • Мақбараи Саид Мир Муҳаммад
  • Мақбараи Ҳофиз
  • Мақбараи Саъдӣ
  • Мақбараи Ҳоҷии Кирмонӣ
  • Мақбараи Шоҳ-Чероҳ
  • Масҷид Отиғи Ҷомӣ асри IX
  • Масҷид Носир-ул Мулк
  • Мақбараи Шоҳи Шой
  • Бозори Вакил
  • Масҷиди Вакил
  • Дарвозаи Қуръон
  • Боғи Афиф Обод ва осорхонаи силоҳ
  • Боғи Ирам
  • Мақбараи Бобо-Кӯҳӣ
  • Мақбараи Каримхон ва осорхонаи устони Форс
Дар гирду атрофи Шероз харобаҳои шаҳрҳои бостонӣ мавҷуд дорад
Remove ads

Мақбараи Саъдӣ - Гузаргоҳи Саъдия

Мақбараи Саъдии Шерзӣ машҳур ба سعدیه (Sadia) [1] — ёдгории меъмори болои турбати Саъди Шерозӣ. Оромгоҳ дар шимолу шарқи шаҳри Шероз, ки замини хонаи шоир буд, аз қадим боғе ва чашмае дорад. Он бидуни санги турбат бо мурури замон хароб гардида, танҳо дар аҳди Каримхони Занд (1707/5 — 1779) — пешвои сулолаи зандиёни Эрон таҷдид шуд. Вале он низ пас аз чанде рӯ ба харобй овард ва солҳои охир Анҷумани осори миллӣ оромгоҳи зебое бино кард. Оромгоҳ болои асоси зинагии на он қадар баланде аз мармар ҷой гиифтааст, ки гунбазӣ буда, ба пешайвони баланде шабоҳат дорад. Дар тарафи рости мақбара даҳлези токдори сояафкан ва истироҳатӣ бино кардаанд, ки ниҳоят муҷаллалу хушҳавост. Намои кошикории оромгоҳ бо намоишҳои гул, бутта ва акси паррандаҳои зебои сабки зандия музайян аст. Ба дари даромадгоҳи оромгоҳ байти зер ба хати зебои настаълиқ сабт шудааст:

Нигористони Гузаргоҳи Саъдия

Нигаред

Иқлим

Ба шаҳри Шероз, тобистони бениҳоят гарм ва зимистони хунуки боэътидол хос аст.

More information Иқлими Шероз, Нишондод ...
Remove ads

Шаҳрҳои бародаршаҳр

Сарчашма

Remove ads

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads