Қубодиён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Қубодиён (форсӣ: قبادیان) — шаҳракест дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Қубодиён дар вилояти Хатлон аст.
Remove ads
Ҷойгоҳ
Шаҳраки Қубодиён дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад.
Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт ва Анастас Микоян яке аз раҳбарони шӯравӣ буд[2].
Мардум
Мардуми Қубодиён ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Таърих
Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان», форсӣ: «قوادیان» ва форсӣ: «قباذیان» омада аст.
Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان» дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[3].
Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз шаҳрҳои Хутталон[4], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — аз шаҳрҳои аз вилояти Чағониён[5] будааст.
Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «шаҳре ободон» аз шаҳрҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст, ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[6].
Қубодиён зодгоҳи Носир Хусрав, яке аз бузургмардони ториху фарҳангу адаби Тоҷикистон аст.
Номдорон
Номдортарин зодаи Қубодиён шоиру файласуфу адиб Ҳаким Носир Хусрав аст.
Пайнавиштҳо
Китобшиносӣ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads